https://sputnik.tj/20211110/rahimzoda-kor-shahrsozon-sughd-intiqod-1043452776.html
Аҳмадзода аз сафар ба Беларус ёдовар шуду кори шаҳрсозони Суғдро интиқод кард
Аҳмадзода аз сафар ба Беларус ёдовар шуду кори шаҳрсозони Суғдро интиқод кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд ёдовар шуд, ки аснои сафар ба Беларус ба маротиб тавсифи мавзеъҳои таърихии ин минтақаро шунид. Ӯ гуфт, набояд ин мавзеъҳо тахриб ва нобуд... 10.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-10T18:15+0500
2021-11-10T18:15+0500
2021-11-10T20:10+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
суғд
раҷаббой аҳмадзода
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/21/1030262149_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_bf5555c18567e235227fdb96a048f570.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозии вилоятӣ дастур дод, ки мавзеъҳои таърихии Суғд ҳифз шаванд.Раис аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар атрофи бозори "Панҷшанбе" изҳори нигаронӣ намуда талаб намуд, ки ҳамаи иншоотҳои сохташуда барандохта шаванд.Дар идома Аҳмадзода аз сафар ба Ҷумҳурии Беларус ёдовар шуда, зикр намуд, ки ба маротиб дар бораи ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ ба мисли оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин, бозори "Панҷшанбе" ва Қалъаи Хуҷанд тавсифҳо шунидем.Аз ин рӯ Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро муваззаф намуд, ки ҷиҳати ҳифзи таърихи ободонии шаҳр тадбирҳо андешанд. Зимнан, раиси вилоят вазъи сохтмонҳоро баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дастур додааст. Ӯ талаб намуд, ки камбудиҳо дар таҳияи нақшаи муфассали кӯчаҳои асосии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Гулистону Бӯстон, маркази ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафаробод ислоҳ карда шаванд.
https://sputnik.tj/20211110/sokhtmoni-binoho-bisyoroshyona-sughd-1043369719.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/21/1030262149_108:0:997:667_1920x0_80_0_0_bd1bcf1f3b889b0b66977dc2d75416fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, раҷаббой аҳмадзода, сохтмон
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, раҷаббой аҳмадзода, сохтмон
Аҳмадзода аз сафар ба Беларус ёдовар шуду кори шаҳрсозони Суғдро интиқод кард
18:15 10.11.2021 (Навсозишуда: 20:10 10.11.2021) Раиси вилояти Суғд ёдовар шуд, ки аснои сафар ба Беларус ба маротиб тавсифи мавзеъҳои таърихии ин минтақаро шунид. Ӯ гуфт, набояд ин мавзеъҳо тахриб ва нобуд шаванд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозии вилоятӣ дастур дод, ки мавзеъҳои таърихии Суғд ҳифз шаванд.
Раис аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар атрофи бозори "Панҷшанбе" изҳори нигаронӣ намуда талаб намуд, ки ҳамаи иншоотҳои сохташуда барандохта шаванд.
Дар идома Аҳмадзода аз сафар ба Ҷумҳурии Беларус ёдовар шуда, зикр намуд, ки ба маротиб дар бораи ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ ба мисли оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин, бозори "Панҷшанбе" ва Қалъаи Хуҷанд тавсифҳо шунидем.
Аз ин рӯ Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро муваззаф намуд, ки ҷиҳати ҳифзи таърихи ободонии шаҳр тадбирҳо андешанд.
"Иншоотҳои таърихии меъмориро тадриҷан ба тартиб даровардан лозим аст. Аз ҷумла бояд ҳудуди бозори “Панҷшанбе” аз биноҳои ғайриқонунӣ комилан пок карда шавад. Ин амри сарвари давлат аст”, - талаб намуд Аҳмадзода.
Зимнан, раиси вилоят вазъи сохтмонҳоро баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дастур додааст. Ӯ талаб намуд, ки камбудиҳо дар таҳияи нақшаи муфассали кӯчаҳои асосии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Гулистону Бӯстон, маркази ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафаробод ислоҳ карда шаванд.