https://sputnik.tj/20211110/artish-afghoniston-arvoh-tolibon-1043461308.html
"Сарбози бесар": Артиши Афғонистон аз "арвоҳ" иборат буд
"Сарбози бесар": Артиши Афғонистон аз "арвоҳ" иборат буд
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ вазири молияи Афғонистон шарҳ медиҳад, ки чаро нерӯҳои ҳукуматӣ ба Толибон бохтанд
2021-11-10T20:20+0500
2021-11-10T20:20+0500
2021-12-22T19:43+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
артиш
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/90/1022839056_0:0:5760:3240_1920x0_80_0_0_d8f51a88d1d2b7ced470274ee8f5ac47.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Ҳукуматдорони собиқи Афғонистон дар артишашон "арвоҳ" ба вуҷуд овардаанд. Дар ин бора Холид Поянда, вазири молияи собиқи Афғонистон дар суҳбат бо BBC гуфт. Ба гуфти ӯ, бо кумаки артиши "хаёлӣ" мансабдорони фасодкор пулшӯӣ мекарданд. Генералҳо ба руйхатҳо номи одамони вуҷуднадоштаро сабт мекарданд ва баъд маошашонро худашон аз худ карданд. Поянда таъкид кард, аксари артиши Афғонистон, ки гуфта мешуд, аз 300 ҳазор сарбоз иборат аст, сохтакорӣ будааст. Вазири собиқ ҳамчунин маълумот дар бораи бартарии нерӯҳои ҳукуматӣ аз теъдоди толибонро рад кард. Сарбозони аслӣ ҳеҷ гоҳ маоши худро сари вақт намегирифтанд. Генералҳо низ аз толибон пул гирифта, ваъда доданд, ки бидуни ҷанг ба радикалҳо таслим мешаванд. Ба туфайли чунин фиребкориҳо режими қаблии Афғонистон аз байн рафт, гуфт Поянда.Дар ҳамин ҳол ӯ қайд кард, ки президенти собиқи ҷумҳурӣ Ашраф Ғаниро фасодкор намедонад. Талафоти харобиовари Афғонистон ба ҳузури нирӯҳои Амрико ва НАТО дар ин кишвар рабт дорад, афзуд Поянда.
https://sputnik.tj/20211110/tolibon-huzur-jabhai-muqovimat-afghoniston-rad-1043436999.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/90/1022839056_320:0:5440:3840_1920x0_80_0_0_1e2de08dd57123443ec480a62e05d48e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суқут, афғонистон, сабаб, толибон, сарбоз, артиш
суқут, афғонистон, сабаб, толибон, сарбоз, артиш
"Сарбози бесар": Артиши Афғонистон аз "арвоҳ" иборат буд
20:20 10.11.2021 (Навсозишуда: 19:43 22.12.2021) Вазири молияи собиқи Афғонистон шарҳ дод, ки чаро нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанг бо толибон бохтанд
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Ҳукуматдорони собиқи Афғонистон дар артишашон "арвоҳ" ба вуҷуд овардаанд. Дар ин бора Холид Поянда, вазири молияи собиқи Афғонистон дар суҳбат бо
BBC гуфт.
Ба гуфти ӯ, бо кумаки артиши "хаёлӣ" мансабдорони фасодкор пулшӯӣ мекарданд. Генералҳо ба руйхатҳо номи одамони вуҷуднадоштаро сабт мекарданд ва баъд маошашонро худашон аз худ карданд.
Поянда таъкид кард, аксари артиши Афғонистон, ки гуфта мешуд, аз 300 ҳазор сарбоз иборат аст, сохтакорӣ будааст.
Вазири собиқ ҳамчунин маълумот дар бораи бартарии нерӯҳои ҳукуматӣ аз теъдоди толибонро рад кард. Сарбозони аслӣ ҳеҷ гоҳ маоши худро сари вақт намегирифтанд.
Генералҳо низ аз толибон пул гирифта, ваъда доданд, ки бидуни ҷанг ба радикалҳо таслим мешаванд.
Ба туфайли чунин фиребкориҳо режими қаблии Афғонистон аз байн рафт, гуфт Поянда.
Дар ҳамин ҳол ӯ қайд кард, ки президенти собиқи ҷумҳурӣ Ашраф Ғаниро фасодкор намедонад.
Талафоти харобиовари Афғонистон ба ҳузури нирӯҳои Амрико ва НАТО дар ин кишвар рабт дорад, афзуд Поянда.