https://sputnik.tj/20211110/tolibon-huzur-jabhai-muqovimat-afghoniston-rad-1043436999.html
Толибон ҳузури Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад карданд
Толибон ҳузури Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад карданд
Sputnik Тоҷикистон
Толибон изҳор доштанд, ки феълан дар замини Афғонистон қувваҳои муқовимат намондааст
2021-11-10T16:45+0500
2021-11-10T16:45+0500
2021-12-22T19:43+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900246_0:145:3072:1873_1920x0_80_0_0_8cf0b033e55c60d1c669502205f049fc.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро пурра таҳти назорат доранд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи ин ҷунбиш Аҳмадуллоҳ Восик. Ба гуфти ӯ, дар қаламрави кишвар нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд.Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда буд, ки дар он гуфта мешавад, ки дар вилояти Лағмон нерӯҳои муқовимат ташкил шудаанд, ки ба толибон муқовимат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши иртибототи хориҷии Ҷабҳа гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои муқовимат на танҳо дар Панҷшер, балки дар вилоятҳои Каписо, Парвон, Бадахшон, Балх ва Бағлон низ мустақаранд. Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн бо хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифт. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.
https://sputnik.tj/20211109/jabha-muqovimat-moshin-zirehpush-tolibon-1043340146.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900246_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_21e2f99e72eba2497e02b28e8c876532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳаи муқовимат. толибон, афғонистон
ҷабҳаи муқовимат. толибон, афғонистон
Толибон ҳузури Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад карданд
16:45 10.11.2021 (Навсозишуда: 19:43 22.12.2021) Толибон изҳор доштанд, ки феълан дар замини Афғонистон қувваҳои муқовимат намондааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро пурра таҳти назорат доранд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи ин ҷунбиш Аҳмадуллоҳ Восик.
Ба гуфти ӯ, дар қаламрави кишвар нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд.
"Нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд. Тамоми Афғонистон таҳти назорати мост", - гуфт Восиқ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда буд, ки дар он гуфта мешавад, ки дар вилояти Лағмон нерӯҳои муқовимат ташкил шудаанд, ки ба толибон муқовимат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши иртибототи хориҷии Ҷабҳа гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои муқовимат на танҳо дар Панҷшер, балки дар вилоятҳои Каписо, Парвон, Бадахшон, Балх ва Бағлон низ мустақаранд.
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн бо хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифт.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.