https://sputnik.tj/20211109/tolibon-ima-jabha-muqovimat-1043355984.html
"Толибон"*: Пуштибонии ИМА аз Ҷабҳаи муқовимат хилофи созишномаи Доҳа аст
"Толибон"*: Пуштибонии ИМА аз Ҷабҳаи муқовимат хилофи созишномаи Доҳа аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Толибон мегӯяд, ҳар гуна пуштибонии Амрико аз Ҷабҳаи Муқовимати Афғонистон созишномаи Доҳаро нақз хоҳад кард.
2021-11-09T18:40+0500
2021-11-09T18:40+0500
2021-11-09T20:00+0500
има
афғонистон
гурӯҳи террористии "толибон"
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи расмии "Толибон"* гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида, агар аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон бо сарварии Аҳмад Масъуд пуштибонӣ кунад, созишномаи Доҳаро вайрон кардааст. Муҷоҳид дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Афғонистон" гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон пуштибонӣ кунад, созишномаи дар Доҳа ҳосилшуда дигар эътибор надорад ва ин гуна созишҳо низ натиҷа намедиҳанд.Ёдовар мешавем, охири моҳи октябр Вазорати адлияи Амрико муҷаввизи ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар Вашингтонро содир кард, ки гуфта мешавад, бисёр муҳим аст.Қобили зикр аст, ки ИМА ва "Толибон"* пас аз музокироти чандмоҳа моҳи феврали соли 2020 дар Доҳа созишномаи сулҳ имзо карданд. Дар ин созишнома хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 моҳ ва ҳамчунин оғози музокироти байни афғонҳо пас аз табодули асирон дар назар гирифта шуда буд.Моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои Ҳукуматии Афғонистон бештар карда, дар як муддати кӯтоҳ ҳукумати вақтро суқут дод.Дар ду ҳафтаи охири моҳи август фурудгоҳи Кобул бо ҳимояти Амрико шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳоеро, ки бо онҳо кор мекарданд, кӯчонд. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукумати "Толибон"* ба ҳайси вазири хориҷа кор мекард, эълон шуд.Ҳамакнун наздик ба се моҳ аст, ки Афғонистон зери идораи ин гурӯҳ аст, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онро ба расмият нашинохтааст.Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як иттиҳоди зиддитолибонии Афғонистон аст, ки аз сӯйи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари муқовимати аввал (1996-2001) раҳбарӣ мешавад.Нерӯҳои ҷабҳа дар ҳоли ҳозир дар кӯҳистоноти Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон ва дигар вилоятҳо ҳузур доранд ва гоҳ-гоҳ ахборе аз задухӯрдҳои онҳо бо нерӯҳои "Толибон"* дарҷ мекунад. Ахиран ҷонибдорони Ҷабҳа дар Кобул ва Ҳирот аз худ дарак доданд.Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 16 август, як рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти "Толибон"* аз бақоёи урдӯи миллӣ, фармондеҳони собиқи муҷоҳидин ва хезишҳои мардумии Афғонистон эъломи мавҷудият кард.* - Гурӯҳе, ки таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20211029/amriko-jabhai-muqovimat-ijozatnomai-faoliyat-1043156760.html
https://sputnik.tj/20211108/masud-eron-muloqot-oyatulloh-khomanai-1043328943.html
https://sputnik.tj/20211109/jabha-muqovimat-moshin-zirehpush-tolibon-1043340146.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон"* има ҷабҳаи муқовимат доҳа
"толибон"* има ҷабҳаи муқовимат доҳа
"Толибон"*: Пуштибонии ИМА аз Ҷабҳаи муқовимат хилофи созишномаи Доҳа аст
18:40 09.11.2021 (Навсозишуда: 20:00 09.11.2021) Сухангӯи "Толибон"* мегӯяд, ҳар гуна пуштибонии Амрико аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон нақзи созишномаи Доҳа аст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи расмии "Толибон"* гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида, агар аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон бо сарварии Аҳмад Масъуд пуштибонӣ кунад, созишномаи Доҳаро вайрон кардааст.
Муҷоҳид дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Афғонистон" гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон пуштибонӣ кунад, созишномаи дар Доҳа ҳосилшуда дигар эътибор надорад ва ин гуна созишҳо низ натиҷа намедиҳанд.
Ёдовар мешавем, охири моҳи октябр Вазорати адлияи Амрико муҷаввизи ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар Вашингтонро содир кард, ки гуфта мешавад, бисёр муҳим аст.
Қобили зикр аст, ки ИМА ва "Толибон"* пас аз музокироти чандмоҳа моҳи феврали соли 2020 дар Доҳа созишномаи сулҳ имзо карданд.
Дар ин созишнома хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар тӯли 14 моҳ ва ҳамчунин оғози музокироти байни афғонҳо пас аз табодули асирон дар назар гирифта шуда буд.
Моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои Ҳукуматии Афғонистон бештар карда, дар як муддати кӯтоҳ ҳукумати вақтро суқут дод.
Дар ду ҳафтаи охири моҳи август фурудгоҳи Кобул бо ҳимояти Амрико шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳоеро, ки бо онҳо кор мекарданд, кӯчонд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукумати "Толибон"* ба ҳайси вазири хориҷа кор мекард, эълон шуд.
Ҳамакнун наздик ба се моҳ аст, ки Афғонистон зери идораи ин гурӯҳ аст, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онро ба расмият нашинохтааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як иттиҳоди зиддитолибонии Афғонистон аст, ки аз сӯйи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари муқовимати аввал (1996-2001) раҳбарӣ мешавад.
Нерӯҳои ҷабҳа дар ҳоли ҳозир дар кӯҳистоноти Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон ва дигар вилоятҳо ҳузур доранд ва гоҳ-гоҳ ахборе аз задухӯрдҳои онҳо бо нерӯҳои "Толибон"* дарҷ мекунад. Ахиран ҷонибдорони Ҷабҳа дар Кобул ва Ҳирот аз худ дарак доданд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 16 август, як рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти "Толибон"* аз бақоёи урдӯи миллӣ, фармондеҳони собиқи муҷоҳидин ва хезишҳои мардумии Афғонистон эъломи мавҷудият кард.
* - Гурӯҳе, ки таҳти таҳримоти СММ барои фаъолиятҳои террористӣ қарор дорад.