https://sputnik.tj/20211109/raisi-khorugh-bovari-mardum-milisa-1043361267.html
Раиси нави Хоруғ аз боварии роҳбарият ва мардум ба милиса гуфт: Афзоиш ёфтааст
Раиси нави Хоруғ аз боварии роҳбарият ва мардум ба милиса гуфт: Афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Ризо Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, боварӣ ба кормандони милиса афзоиш ёфтааст
2021-11-09T20:15+0500
2021-11-09T20:15+0500
2021-11-09T20:36+0500
дар тоҷикистон
раис
хоруғ
эътимод
милиса
амалкарди роҳбарият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043361001_0:331:1440:1141_1920x0_80_0_0_d1d2d0ccec161a3b11df0385d2699f45.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ маъмурини милитсияро бо иди касбияшон шодбош гуфта, таъкид намудааст, ки ниҳоди умури дохилӣ ба яке аз ниҳодҳои муҳиму қудратманди давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Ризо Назарзода, ки ахиран бо фармони раисҷумҳур ба роҳбарии Хоруғ таъйин гардид, афзуд, ки мақомоти умури дохилӣ дар тӯли фаъолияти худ ба муваффақиятҳои зиёд дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани қонунвайронкунию ҷиноят ва ҳимояи манфиати шаҳрвандон ноил гардидааст."Милитсияи тоҷик исбот намудааст, ки фаъолияти ин мақомот ба таъмини қонунияту тартибот равона гардида, имрӯз боварию эътимоди мардум ба он боз ҳам бештар шудааст", - омадааст дар паёми шодбошии Назарзода. Ризозода изҳори итминон кардааст, ки милисаҳо минбаъд низ сазовори боварии роҳбарияти мамлакат ва мардум мегарданд. Маврид ба зикр аст, соли 2012 дар Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он, 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20211108/tajlil-ruz-milisa-vmkb-payomi-shodboshi-1043320369.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043361001_0:116:1440:1196_1920x0_80_0_0_7b140ce610f1115f0cfc255a32ef7fc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хоруғ, милиса, бовар, эътимод
хоруғ, милиса, бовар, эътимод
Раиси нави Хоруғ аз боварии роҳбарият ва мардум ба милиса гуфт: Афзоиш ёфтааст
20:15 09.11.2021 (Навсозишуда: 20:36 09.11.2021) Ризо Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Хоруғ мегӯяд, боварӣ ба кормандони милитсия афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ маъмурини милитсияро бо иди касбияшон шодбош гуфта, таъкид намудааст, ки ниҳоди умури дохилӣ ба яке аз ниҳодҳои муҳиму қудратманди давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст.
Ризо Назарзода, ки ахиран бо фармони раисҷумҳур ба роҳбарии Хоруғ таъйин гардид, афзуд, ки мақомоти умури дохилӣ дар тӯли фаъолияти худ ба муваффақиятҳои зиёд дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани қонунвайронкунию ҷиноят ва ҳимояи манфиати шаҳрвандон ноил гардидааст.
"Милитсияи тоҷик исбот намудааст, ки фаъолияти ин мақомот ба таъмини қонунияту тартибот равона гардида, имрӯз боварию эътимоди мардум ба он боз ҳам бештар шудааст", - омадааст дар паёми шодбошии Назарзода.
Ризозода изҳори итминон кардааст, ки милисаҳо минбаъд низ сазовори боварии роҳбарияти мамлакат ва мардум мегарданд.
Маврид ба зикр аст, соли 2012 дар Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он, 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил мегардад.