Таҷлили Рӯзи милитсия аз ВМКБ оғоз шуд: паёми шодбошии Алишер Мирзонабот

© Органы самоуправления Горно-Бадахшанской автономной областиАлишер Мирзонабот, и.о главы ГБАО на праздновании дня милиции в ГБАО
Алишер Мирзонабот, и.о главы ГБАО на праздновании дня милиции в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик иқдомоти идонае бо иштироки роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ рӯи даст гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳукумати ВМКБ гузориш дод, ки ин ҷашн дар театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров бо иштироки муовини якуми вазири умури дохилӣ, генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода ва муовини раиси КДАМ, генерал Нусратуллоҳ Мирзоев баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, Алишер Мирзонабот ҳамаи кормандони мақомоти умури дохилиро бо Рӯзи милитсия шодбош гуфта, аз шароити вазнини ин мақомот дар рӯзҳои аввали таъсисёбии он ёдоварӣ кард.

"Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуданд. Дар тӯли солҳои зиёд аз рӯзи таъсисёбии мақомоти милитсия ба уҳдаи ин кормандони корҳои дохила вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуд", - изҳор дошт раиси навтаъйини ВМКБ.

Ӯ афзуд, он шароити мушкил аз мақомоти милиса маҳорату ҷасорати махсус ва талоши содиқонаю софдилона талаб мекард .
Савгандёдкунии наваскарон дар Тоҷикистон дар ҳузури Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Савгандёдкунии наваскарони КДАМ дар ҳузури раиси нави ВМКБ
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохилӣ заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд, илова намудааст раиси вилоят.
Маврид ба зикр аст, соли 2012 дар Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он, 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0