Нишасти амниятиҳо дар бораи Афғонистон дар Ҳинд: Тоҷикистон меравад, Чину Покистон на

© Фото : PixabayМикрофон
Микрофон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Обуна шудан
Покистону Чин аз ширкат дар нишасти амнияти минтақаӣ дар бораи Афғонистон, ки бо мизбонии Ҳинд баргузор мешавад, даст кашиданд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Мулоқоти амниятиҳои аршади 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар Ҳиндустон фардо, 10-уми ноябр дар пасманзари ташдиди вазъи Афғонистон баргузор мешавад.
Муколама дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ, котибони шӯроҳои амниятӣ баргузор мешавад ва онро мушовири амнияти миллии Ҳиндустон Аҷит Довал раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад "India today"
Дар ин нишаст намояндагони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Қаблан Чину Покистон низ даъват шуда буданд, аммо аз ширкат дар он худдорӣ кардаанд.
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Ҳинд мунтазири Русияву Тоҷикистон барои машварат дар мавриди Афғонистон аст
Покистон даъвати Ҳиндро рад карда, ин кишварро “вайронкунанда”, на “сулҳсоз” дар Афғонистон номидааст. Мушовири амнияти миллии Покистон Муид Юсуф гуфтааст, “ман намеравам. Вайронкунанда наметавонад сулҳҷӯ бошад".
Ҷониби Ҳинд бошад, гуфтааст, Покистонро танҳо барои он даъват карданд, ки ин як формат буд.

"Мутаассифона, онҳо адами ҳузурро интихоб карданд. Ё онҳо нигаронии амниятӣ надоранд ё дарки дигар доранд”,- гуфтааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Чин ба даъвати Ҳинд гуфтааст, ки ба далели мушкилоти ҷадвали корӣ онҳо наметавонанд ширкат кунанд, аммо ба гуфтаи манобеъ, барои идомаи музокира бо Ҳиндустон тавассути намояндаҳои дуҷониба омодаанд.
Мақомоти Ҳинд интизор доштанд, ки дар нишасти намояндагони хадамоти амнияти миллии ин кишвар мақомоти баландпояи Русия, Покистон, Чин, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд гуфтааст, ки дар ин муколамаи сатҳи баланд вазъи амниятӣ дар минтақа пас аз таҳаввулоти ахир дар Афғонистон таҳлил мешавад.
Дар он ҳамчунин чораҳое дар ҷиҳати мушкилоти марбут ба амният ва дастгирии мардуми Афғонистон дар роҳи расидан ба сулҳ, амният ва субот баррасӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0