Ҳинд мунтазири Русияву Тоҷикистон барои машварат дар мавриди Афғонистон аст

© Sputnik / Виталий БелоусовРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Мулоқоти сиёсатмадорони воломақом дар Ҳиндустон рӯзи 10-уми ноябр дар назар буда, мавзӯи асосӣ нишаст амният дар минтақа дар пасманзари ташдиди вазъи Афғонистон хоҳад буд.
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Мақомоти Ҳинд интизор доранд, ки дар нишасти намояндагони хадамоти амнияти миллии ин кишвар мақомоти баландпояи Русия, Покистон, Чин, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Дар ин бора сафири Ҳиндустон дар Федератсияи Русия Бала Венкатеш Варма қабл аз анҷоми рисолаташ хабар дод.
Дар Деҳлӣ, бахусус боздиди котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар назар аст, афзуд сафир дар муколама бо ТАСС.
Боевики Талибана* на бывшей американской авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Омодабоши хадамоти махсуси кишварҳои СҲШ бинобар вазъ дар Афғонистон
"Баргузории ҷаласаи намояндагони воломақоми хадамоти амнияти миллии кишварҳои минтақа 10 ноябр дар Ҳиндустон дар назар аст. Генерал Патрушев даъват шуда буд ва эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ ширкат мекунад. Мо ҳоло интизори тасдиқи даъват ҳастем, аммо ӯ як иштирокчии хеле муҳим дар муколама хоҳад буд", - гуфт сафир.
Дипломат таъкид кард, ки машваратҳо миёни Федератсияи Русия ва Ҳиндустон дар бораи Афғонистон дар сатҳҳои гуногун ҷараён доранд.
Лентаи хабарҳо
0