https://sputnik.tj/20211008/zahroludshavi-muhojir-khostel-1042723814.html
Заҳролудшавии муҳоҷирон дар ҳостели Маскав: яке ҷон бохт - акс
Заҳролудшавии муҳоҷирон дар ҳостели Маскав: яке ҷон бохт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби заҳролудшавии оммавии шаҳрвандони хориҷӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст
2021-10-08T16:16+0500
2021-10-08T16:16+0500
2021-10-08T20:24+0500
муҳоҷират
заҳролудшавӣ
муҳоҷир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103136/39/1031363907_0:0:3275:1842_1920x0_80_0_0_e0b166a64500d0bce590a147354fea60.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Муҳоҷирон дар яке аз хобгоҳҳои Маскав заҳролуд шуданд, хабар медиҳад канали "Telegram Mash". Тибқи иттилои расонаҳо, молики хобгоҳ пас аз занги яке аз меҳмонон, ки гуфтааст, ӯ ва ҳамсояҳояш худро бад ҳис мекунанд, ба он ҷо ҳозир шудааст. Вақте соҳибхона ба назди меҳмонон омад, ҳеҷ кас дарро накушод, онҳо маҷбур шуданд дарро шикаста, ворид шаванд. Ҳамаи меҳмонони хобгоҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд. Ба табибион даст дод, то се хориҷиро ба худ оранд, яке аз заҳролудшудаҳо фавтид.Вазъи наҷотёфтагон вазнин аст; онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Аз ҳуҷра на шишаи холӣ ёфт шуду на ғизое. Бино ба гузориши РЕН-ТВ, ин ҳодисаро Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқ хоҳад кард. Кумитаи тафтишотӣ заҳролудшавӣ бо маводи нашъадори номаълумро ба унвони яке аз сабабҳои ин ҳодиса пешгӯӣ мекунад.Хабаргузории шаҳри Маскав мегӯяд, муҳоҷири фавтида 24 сол доштааст.
https://sputnik.tj/20210720/hahrvandi-uzbekiston-zahrolud--1041029273.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103136/39/1031363907_248:0:2979:2048_1920x0_80_0_0_285f9f06cbf95cde9cd38c1ddb9f1ab7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, муҳоҷир, хостел, маскав
муҳоҷирон, муҳоҷир, хостел, маскав
Заҳролудшавии муҳоҷирон дар ҳостели Маскав: яке ҷон бохт - акс
16:16 08.10.2021 (Навсозишуда: 20:24 08.10.2021) Сабаби заҳролудшавии шаҳрвандони хориҷӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Муҳоҷирон дар яке аз хобгоҳҳои Маскав заҳролуд шуданд, хабар медиҳад канали "Telegram
Mash".
Тибқи иттилои расонаҳо, молики хобгоҳ пас аз занги яке аз меҳмонон, ки гуфтааст, ӯ ва ҳамсояҳояш худро бад ҳис мекунанд, ба он ҷо ҳозир шудааст.
Вақте соҳибхона ба назди меҳмонон омад, ҳеҷ кас дарро накушод, онҳо маҷбур шуданд дарро шикаста, ворид шаванд. Ҳамаи меҳмонони хобгоҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд.
Ба табибион даст дод, то се хориҷиро ба худ оранд, яке аз заҳролудшудаҳо фавтид.
Вазъи наҷотёфтагон вазнин аст; онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Аз ҳуҷра на шишаи холӣ ёфт шуду на ғизое.
Бино ба гузориши
РЕН-ТВ, ин ҳодисаро Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқ хоҳад кард.
Кумитаи тафтишотӣ заҳролудшавӣ бо маводи нашъадори номаълумро ба унвони яке аз сабабҳои ин ҳодиса пешгӯӣ мекунад.
Хабаргузории шаҳри Маскав мегӯяд, муҳоҷири фавтида 24 сол доштааст.