https://sputnik.tj/20211109/ehtiyot-furushi-chipta-taqallubi-uzbekiston-1043340230.html
Афзоиши ҳолатҳои фурӯши чиптаҳои тақаллубии ҳавопаймо дар Ӯзбекистон
Афзоиши ҳолатҳои фурӯши чиптаҳои тақаллубии ҳавопаймо дар Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳолатҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дар Ӯбекистон барои парвозҳои мавҷуднабуда ба самти Русия афзоиш ёфтааст
2021-11-09T14:55+0500
2021-11-09T14:55+0500
2021-11-09T19:07+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
ҳавопаймо
парвоз
қалбакӣ
фиреб
чипта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102332/21/1023322156_0:539:3264:2375_1920x0_80_0_0_fa912538458f75f841b1af4d01a5863d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Билетҳои тақаллубӣ барои парвозҳои самти Маскав ва Санкт - Петербург камаш ба 200 мусофир фурӯхта шудаанд. Таъкид шудааст, ки ин чиптаҳо барои парвозҳои чартерии ширкати русиягии "iFly Airlines" мебошанд, дар ҳоле ки чунин парвозе дар барнома нест, хабар додааст дафтари матбуотии ҷамъияти "Uzbekistan Airports".Ба иттилои манбаъ, ин парвозҳо аз шаҳри Навоӣ ба шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург бояд анҷом дода мешуданд, аммо маълум гардид, ки онҳо берун аз нақшаанд. "Дар рӯзи таъйиншуда ба фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ садҳо мусофир омад, ки билети парвоз ба Русияро доштанд. Мусофирон гуфтаанд, онҳо чиптаҳоро аз нуқтаҳои ширкати "Восток Бухара" дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Урганҷ харидаанд", - омадааст дар иттилоия.Илова шудааст, ки дар пайи рух додани чунин қазия намояндагони фурудгоҳи Навоӣ бо масъулини "Восток Бухара" дар тамос шуда, ваъда доданд, ки пули чиптаҳои мусофиронро бармегардонанд. Ин бори аввал нест, ки дар Ӯзбекистон барои парвозҳои мавҷуднабудаи ширкати "iFly Airlines" билет фурӯхта мешавад. Қаблан ҳудуди 290 мусофир натавонистанд аз шаҳри Урганҷ ба Маскав сафар кунанд, чун парвозе, ки дар он мусофирон чипта доштанд, дар ҷадвал набуд. Он вақт барои ҳалли қазия аз Маскав ҳавопаймо фиристода шуд, то мусофиронро ба нуқтаи таъйиншуда расонад.
https://sputnik.tj/20211109/rusiya-parvoz-kishvar-1043338400.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102332/21/1023322156_0:0:3264:2448_1920x0_80_0_0_2aa998e015f384d400c5a58fa7e02762.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фурӯш, чипта, ҳавопаймо, ӯзбекистон,
фурӯш, чипта, ҳавопаймо, ӯзбекистон,
Афзоиши ҳолатҳои фурӯши чиптаҳои тақаллубии ҳавопаймо дар Ӯзбекистон
14:55 09.11.2021 (Навсозишуда: 19:07 09.11.2021) Ҳолатҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дар Ӯбекистон барои парвозҳои мавҷуднабуда ба самти Русия афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Билетҳои тақаллубӣ барои парвозҳои самти Маскав ва Санкт - Петербург камаш ба 200 мусофир фурӯхта шудаанд. Таъкид шудааст, ки ин чиптаҳо барои парвозҳои чартерии ширкати русиягии "iFly Airlines" мебошанд, дар ҳоле ки чунин парвозе дар барнома нест, хабар додааст дафтари матбуотии ҷамъияти "Uzbekistan Airports".
Ба иттилои манбаъ, ин парвозҳо аз шаҳри Навоӣ ба шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург бояд анҷом дода мешуданд, аммо маълум гардид, ки онҳо берун аз нақшаанд.
"Дар рӯзи таъйиншуда ба фурудгоҳи байналмилалии Навоӣ садҳо мусофир омад, ки билети парвоз ба Русияро доштанд. Мусофирон гуфтаанд, онҳо чиптаҳоро аз нуқтаҳои ширкати "Восток Бухара" дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Урганҷ харидаанд", - омадааст дар иттилоия.
Илова шудааст, ки дар пайи рух додани чунин қазия намояндагони фурудгоҳи Навоӣ бо масъулини "Восток Бухара" дар тамос шуда, ваъда доданд, ки пули чиптаҳои мусофиронро бармегардонанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Ӯзбекистон барои парвозҳои мавҷуднабудаи ширкати "iFly Airlines" билет фурӯхта мешавад.
Қаблан ҳудуди 290 мусофир натавонистанд аз шаҳри Урганҷ ба Маскав сафар кунанд, чун парвозе, ки дар он мусофирон чипта доштанд, дар ҷадвал набуд. Он вақт барои ҳалли қазия аз Маскав ҳавопаймо фиристода шуд, то мусофиронро ба нуқтаи таъйиншуда расонад.