https://sputnik.tj/20211109/rusiya-parvoz-kishvar-1043338400.html
Русия парвозҳоро бо чанд кишвар аз сар гирифт: рӯйхат
Русия парвозҳоро бо чанд кишвар аз сар гирифт: рӯйхат
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҳамчунин бо чор кишвари дигар парвозҳои чартериро барқарор кард 09.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-09T11:00+0500
2021-11-09T11:00+0500
2021-11-09T19:13+0500
нақлиёт
парвоз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043191141_0:257:2650:1748_1920x0_80_0_0_d1bd8e06404f5d89b5fa1f79770d9496.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Аз 9 ноябр Русия расман парвозҳои чартериро ба Миср аз сар гирифт. Маълум аст, ки аввалин парвоз ба Мисрро ширкати "Nordwind" анҷом хоҳад дод.Зимнан аз санаи зикргардида парвозҳо бо Тайланд, Тунис ва Багам сар мешаванд. Бо ин давлатҳо ҳанӯз соли 2020, дар пайи паҳн шудани бемории коронавирус равобити ҳавоӣ масдуд шуда буд.Гуфта мешавад, парвозҳо бо Эрон, Ҳолланд, Норвегия, Уммон, Словения ва Шветсия низ расман аз сар гирифта мешавад. Аммо феълан вуруди сайёҳон ба Эрону Ҳолланд, Норвегия ва Шветсия баста аст.Илова бар ин аз 9 ноябр Русия маҳдудиятҳои равобити ҳавоӣ бо Австрия, Швейтсария, Финландия ва Амороти Муттаҳидаи Арабро лағв кард ва инчунин шумораи парвозҳо бо Албания, Булғористон, Маҷористон, Венесуэла, Юнон, Олмон, Испания, Италия, Малта, Македония ва Фаронсаро афзоиш дод. Ёдовар мешавем, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни Русия ва Миср ҳанӯз соли 2015, пас аз суқути як ҳавопаймои русӣ дар нимҷазираи Сино қатъ шуда буд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 224 нафар ба ҳалокат расид. Маврид ба зикр аст, ки нархи ҳадди ақали сафари чартерӣ аз Русия ба Миср аз 15 то 26 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20211021/uzbekiston-parvoz-bo-afghoniston-1043010825.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043191141_294:0:2650:1767_1920x0_80_0_0_5bacacdba43382fcb93c12944eb29d18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақлиёт, парвоз, дар русия
нақлиёт, парвоз, дар русия
Русия парвозҳоро бо чанд кишвар аз сар гирифт: рӯйхат
11:00 09.11.2021 (Навсозишуда: 19:13 09.11.2021) Русия ҳамчунин бо чор кишвари дигар парвозҳои чартериро барқарор кард
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Аз 9 ноябр Русия расман парвозҳои чартериро ба Миср аз сар гирифт. Маълум аст, ки аввалин парвоз ба Мисрро ширкати "Nordwind" анҷом хоҳад дод.
Зимнан аз санаи зикргардида парвозҳо бо Тайланд, Тунис ва Багам сар мешаванд. Бо ин давлатҳо ҳанӯз соли 2020, дар пайи паҳн шудани бемории коронавирус равобити ҳавоӣ масдуд шуда буд.
Гуфта мешавад, парвозҳо бо Эрон, Ҳолланд, Норвегия, Уммон, Словения ва Шветсия низ расман аз сар гирифта мешавад.
Аммо феълан вуруди сайёҳон ба Эрону Ҳолланд, Норвегия ва Шветсия баста аст.
Илова бар ин аз 9 ноябр Русия маҳдудиятҳои равобити ҳавоӣ бо Австрия, Швейтсария, Финландия ва Амороти Муттаҳидаи Арабро лағв кард ва инчунин шумораи парвозҳо бо Албания, Булғористон, Маҷористон, Венесуэла, Юнон, Олмон, Испания, Италия, Малта, Македония ва Фаронсаро афзоиш дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни Русия ва Миср ҳанӯз соли 2015, пас аз суқути як ҳавопаймои русӣ дар нимҷазираи Сино қатъ шуда буд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 224 нафар ба ҳалокат расид.
Маврид ба зикр аст, ки нархи ҳадди ақали сафари чартерӣ аз Русия ба Миср аз 15 то 26 ҳазор рублро ташкил медиҳад.