https://sputnik.tj/20211109/bj-kumak-afghoniston-1043345349.html
Бонки Ҷаҳонӣ: Аз сар гирифтани кумакҳои мустақим ба Афғонистон ғариимкон аст
Бонки Ҷаҳонӣ: Аз сар гирифтани кумакҳои мустақим ба Афғонистон ғариимкон аст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Бонки ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки пас аз таълиқи кумакҳо ба Афғонистон дар пайи тасаллути Толибон, баъид аст, ки ин ниҳод кумакҳои мустақим ба ин кишварро аз сар гирад
2021-11-09T13:56+0500
2021-11-09T13:56+0500
2021-11-09T19:33+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
афғонистон
бонки ҷаҳонӣ
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102594/40/1025944045_0:119:2048:1271_1920x0_80_0_0_3ee4b954806219b86a9fdc474428cac2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя— Sputnik. Девид Малпс, раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази мутолеоти стротежӣ ва байналмилалӣ гуфтааст, ки бо тасарруфи Афғонистон аз сӯйи "Толибон"* ва фурӯпошии иқтисоди ин кишвар интизор надорад, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз сар бигирад.Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 20 тарҳи рушд дар Афғонистон дорад ва аз соли 2002 ба ин сӯ ба ин кишвар 5,3 миллиард доллар, асосан дар шакли грант ироа кардааст.Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон Сандуқи Байналмилалии Пул низ кумакҳояш ба ин кишварро мутаваққиф ва шартҳояшро барои ироаи кумаку қарзҳо баён дошт. Ёдовар мешавем, баробари суқути ҳукумати пешини Афғонистон ИМА низ дастрасӣ ба тамоми суратҳисобҳои хориҷии ин кишварро масдуд кард.Ҳоло ин маблағҳо, ки наздик ба 10 миллиард доллар гуфта мешаванд, барои ҳукумати худхондаи "Толибон"* дастрас нестанд.Гурӯҳи "Толибон"* борҳо мустақиман ва аз тариқи дигар давлатҳо аз ИМА хостааст, ки суратҳисобҳои ҳукумати пешинро боз кунад, аммо Кохи Сафед низ дар посух шартҳои худро гузоштааст.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210917/khba-afghoniston-qat-tolibon-shart-1042320238.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102594/40/1025944045_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_e7b5f5dcb6cb8411dad6470c6e89352d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки ҷаҳонӣ кумак афғонистонро ғариимкон
бонки ҷаҳонӣ кумак афғонистонро ғариимкон
Бонки Ҷаҳонӣ: Аз сар гирифтани кумакҳои мустақим ба Афғонистон ғариимкон аст
13:56 09.11.2021 (Навсозишуда: 19:33 09.11.2021) Раҳбари Бонки ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки пас аз таълиқи кумакҳо ба Афғонистон дар пайи тасаллути Толибон баид аст, ки ин ниҳод кумакҳои мустақим ба ин кишварро аз сар гирад
ДУШАНБЕ, 9 ноя— Sputnik. Девид Малпс, раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази мутолеоти стротежӣ ва байналмилалӣ гуфтааст, ки бо тасарруфи Афғонистон аз сӯйи "Толибон"* ва фурӯпошии иқтисоди ин кишвар интизор надорад, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз сар бигирад.
"Бо таваҷҷуҳ ба фурӯпошии комили иқтисод мо фикр намекунем, ки фаъолиятамонро дар Афғонистон аз сар бигирем. Яке аз мушкилот ин низоми пардохт аст. Бо назардошти иқдомоти ҳукумати феълӣ имкони вуруди воқеии пули нақд вуҷуд надорад", - гуфт ӯ.
Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 20 тарҳи рушд дар Афғонистон дорад ва аз соли 2002 ба ин сӯ ба ин кишвар 5,3 миллиард доллар, асосан дар шакли грант ироа кардааст.
Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон Сандуқи Байналмилалии Пул низ кумакҳояш ба ин кишварро мутаваққиф ва шартҳояшро барои ироаи кумаку қарзҳо баён дошт.
Ёдовар мешавем, баробари суқути ҳукумати пешини Афғонистон ИМА низ дастрасӣ ба тамоми суратҳисобҳои хориҷии ин кишварро масдуд кард.
Ҳоло ин маблағҳо, ки наздик ба 10 миллиард доллар гуфта мешаванд, барои ҳукумати худхондаи "Толибон"* дастрас нестанд.
Гурӯҳи "Толибон"* борҳо мустақиман ва аз тариқи дигар давлатҳо аз ИМА хостааст, ки суратҳисобҳои ҳукумати пешинро боз кунад, аммо Кохи Сафед низ дар посух шартҳои худро гузоштааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон