https://sputnik.tj/20210917/khba-afghoniston-qat-tolibon-shart-1042320238.html
ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузошт
ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузошт
Афғонистон аз дастрасӣ ба пул маҳрум мешавад, агар ҳайати ҳукумати навро тағйир надиҳад 17.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-17T09:00+0500
2021-09-17T09:00+0500
2021-09-17T11:19+0500
хба
дар ҷаҳон
афғонистон
гурӯҳи террористии "толибон"
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_6c0edb7827fd33f1af7f9d29ee0034eb.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард. Дар ин бора сухангӯи ХБА Ҷерри Райс зимни брифинге хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ бо ин ҳукумат то он даме ки қонунӣ будани мақомоти нави кишварашро давлатҳои дигар эътироф накунанд, барқарор нахоҳад шуд.Вай хотирнишон кард, ки "Толибон"* ба ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар аввали моҳи август дар байни кишварҳо тақсим шудаанд, дастрасӣ надоранд. Илова бар ин Райс аз вазъи ноором дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. "Вазифаи таъхирнопазир бояд расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ин кишвар ва иҷозати интиқоли пул, аз ҷумла интиқоли пули хурд, инчунин кӯмак ба кишварҳое бошад, ки паноҳандаҳоро қабул мекунанд", - таъкид кард намояндаи ХБА.Қаблан Иёлоти Муттаҳида аксари захираҳои Бонки марказии Афғонистонро масдуд кард. Ҳоло тақрибан ҳафт миллиард доллар барои ин кишвар дастрас нест."Толибон"*, ки дар ин кишвар ба сари қудрат омаданд, иқдомотеро рӯйи даст гирифтанд, ки ҳадафашон нигоҳ доштани қурби пули амрикоӣ дар дохили ин кишвар буд. Яке аз онҳо манъи фурӯши доллар буд. Ҳоло афғонистониҳо аз бонкҳои Афғонистон танҳо пули миллии ин кишварро дарёфт карда метавонанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷангҷӯёни толиб ҳукумати наверо муаррифӣ карданд, ки он ба вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд. Бар хилофи ваъдаҳо кобинаи вазиронашон фарогир набуд. Дар он намояндагони нерӯҳои гуногуни сиёсии Афғонистон, мақомоти ҳукумати собиқ ва занон ба назар намерасанд. Аксари давлатҳо эътирофи қонунии чунин ҳукуматро рад ва аз "Толибон"* талаб карданд, ки ҳайати онро тағйир диҳад.
https://sputnik.tj/20210915/favziyai-kufi-tolibon-afghonistonro-idora-1042280441.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_c3b7de4094ada51f8fd04b3dc1fa5b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
хба, дар ҷаҳон, афғонистон, гурӯҳи террористии "толибон"
хба, дар ҷаҳон, афғонистон, гурӯҳи террористии "толибон"
ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузошт
09:00 17.09.2021 (Навсозишуда: 11:19 17.09.2021) Афғонистон аз дастрасӣ ба пул маҳрум мешавад, агар ҳайати ҳукумати навро тағйир надиҳад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард. Дар ин бора сухангӯи ХБА Ҷерри Райс зимни брифинге хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ бо ин ҳукумат то он даме ки қонунӣ будани мақомоти нави кишварашро давлатҳои дигар эътироф накунанд, барқарор нахоҳад шуд.
"Мо дар эътирофи ҳукумат дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ мекунем. Аз ин рӯ барномаи ХБА дар ин кишвар боздошта шуд",- гуфт Райс.
Вай хотирнишон кард, ки "Толибон"* ба ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар аввали моҳи август дар байни кишварҳо тақсим шудаанд, дастрасӣ надоранд. Илова бар ин Райс аз вазъи ноором дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
"Вазифаи таъхирнопазир бояд расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ин кишвар ва иҷозати интиқоли пул, аз ҷумла интиқоли пули хурд, инчунин кӯмак ба кишварҳое бошад, ки паноҳандаҳоро қабул мекунанд", - таъкид кард намояндаи ХБА.
Қаблан Иёлоти Муттаҳида аксари захираҳои Бонки марказии Афғонистонро масдуд кард. Ҳоло тақрибан ҳафт миллиард доллар барои ин кишвар дастрас нест.
"Толибон"*, ки дар ин кишвар ба сари қудрат омаданд, иқдомотеро рӯйи даст гирифтанд, ки ҳадафашон нигоҳ доштани қурби пули амрикоӣ дар дохили ин кишвар буд. Яке аз онҳо манъи фурӯши доллар буд. Ҳоло афғонистониҳо аз бонкҳои Афғонистон танҳо пули миллии ин кишварро дарёфт карда метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷангҷӯёни толиб ҳукумати наверо муаррифӣ карданд, ки он ба вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд.
Бар хилофи ваъдаҳо кобинаи вазиронашон фарогир набуд. Дар он намояндагони нерӯҳои гуногуни сиёсии Афғонистон, мақомоти ҳукумати собиқ ва занон ба назар намерасанд.
Аксари давлатҳо эътирофи қонунии чунин ҳукуматро рад ва аз "Толибон"* талаб карданд, ки ҳайати онро тағйир диҳад.