https://sputnik.tj/20211109/amriko-daftar-namoyandagi-kobul-barqaror-1043351468.html
Амрико намехоҳад сафорати худ дар Кобулро фаъол кунад
Амрико намехоҳад сафорати худ дар Кобулро фаъол кунад
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи боз кардани сафорати худ дар Кобулро баррасӣ намекунад 09.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-09T16:30+0500
2021-11-09T16:30+0500
2021-11-09T18:17+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амрико
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:334:2730:1870_1920x0_80_0_0_d1f0c82b695041098c5881bc1c1eff72.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Амрико мегӯяд, фаъол кардани сафорати худ дар шаҳри Кобули Афғонистонро зарур намедонад.Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Том Уэст мегӯяд, Вашингтон ҳоло рафтори "Толибон"*-ро назорат мекунад.Маврид ба зикр аст, ки Амрико пас аз берун овардани низомиёнаш аз хоки Афғонистон ҳузури дипломатии худро дар ин кишвар барои як муддати номуайян қатъ кард ва сафораташро аз Кобул ба пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа интиқол дод. Пас аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ "Толибон"* қудратро ба даст гирифт. Аммо то ҳол ҳукумати "Толибон"* -ро ҳич давлате ба расмият нашинохтааст. * -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.
https://sputnik.tj/20211031/khalilzod-korhoi-amriko-afghoniston-tamom-nashudaast-1043191837.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_bc98b2809be3d805d8b38e35db02f8b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сиёсат , амрико, афғонистон
дар ҷаҳон, сиёсат , амрико, афғонистон
Амрико намехоҳад сафорати худ дар Кобулро фаъол кунад
16:30 09.11.2021 (Навсозишуда: 18:17 09.11.2021) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи боз кардани сафорати худ дар Кобулро баррасӣ намекунад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Амрико мегӯяд, фаъол кардани сафорати худ дар шаҳри Кобули Афғонистонро зарур намедонад.
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Том Уэст мегӯяд, Вашингтон ҳоло рафтори "Толибон"*-ро назорат мекунад.
"Масъалаи боз шудани сафорати Амрико дар Кобул аз масъулиятшиносӣ ва рафтори минбаъдаи онҳо вобаста аст", - афзудааст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Амрико пас аз берун овардани низомиёнаш аз хоки Афғонистон ҳузури дипломатии худро дар ин кишвар барои як муддати номуайян қатъ кард ва сафораташро аз Кобул ба пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа интиқол дод.
Пас аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ "Толибон"* қудратро ба даст гирифт. Аммо то ҳол ҳукумати "Толибон"* -ро ҳич давлате ба расмият нашинохтааст.
* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.