Халилзод: Кори Амрико дар Афғонистон ҳанӯз тамом нашудааст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкСпециальный представитель Госдепартамента США по афганскому урегулированию Залмай Халилзад
Специальный представитель Госдепартамента США по афганскому урегулированию Залмай Халилзад  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Обуна шудан
Фиристодаи вижаи пешини Амрико дар умури сулҳи Афғонистон мегӯяд, ки ИМА “ҳанӯз дар Афғонистон кори нотамом дорад”
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи пешини Амрико дар умури Афғонистон гуфт, "Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз ҳам дар Афғонистон корҳои нотамом дорад", аммо ӯ дақиқ накард, ки чӣ кор аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо "Fox News" изҳор доштааст.
Вай афзуд, ки бархе аз шартҳои созишномаи Доҳаро “Толибон”* иҷро накардааст.
"Мо мехоҳем, ки “Толибон”*-ро дар қиболи ин тавофуқот посухгӯ бидонем", - афзуд Халилзод.
Фиристодаи вижаи пешини Амрико мегӯяд, ӯ мехоҳад ИМА ба ҷои ҷудо кардани “Толибон”* барои музокира ва дастёбӣ ба тавофуқ бар сари иҷрои бахшҳои боқимондаи тавофуқи Доҳа, ки бо терроризм сарукор дорад ва эҷоди давлаи фарогир таҳти фишор қарор диҳанд .
Амеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением Талибан (запрещено в РФ) в Катаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Халилзод: Фирори Ғанӣ интиқоли қудрат дар Кобулро хунсо кард
Халилзод гуфт, аз он нигарон аст, ки "мо пушт мегардонем ва корҳоеро, ки то ҳол барои ҳифзи манофеи Амрико дар Афғонистон лозим аст, анҷом намедиҳем."
Вай иддао кард, дар ҳоле ки маъмурияти Байден аз мубориза бо терроризм нигарон аст, агар Афғонистон зери ҳукмронии “Толибон”* аз ҳам пошад, дар як муҳити ғайридавлатӣ вазъият бадтар хоҳад шуд.
Халилзод дар идома гуфт, ки “Толибон”* хоҳони одӣ шудани равобит бо Амрико ва лағви инҷимоди захоири арзии Афғонистон ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0