https://sputnik.tj/20211108/taghyirot-kadri-tolibon-tayin-1043313558.html
Тағйироти кадрии "Толибон"*: таъйини 17 волии нав
Тағйироти кадрии "Толибон"*: таъйини 17 волии нав
Sputnik Тоҷикистон
Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари "Толибон"*, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли равон ғасб кард, тағйироти кадрӣ анҷом дод
2021-11-08T12:35+0500
2021-11-08T12:35+0500
2021-11-16T12:13+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
тағйирот
музофоти бадахшон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042008763_23:0:985:541_1920x0_80_0_0_7d12d5acf23312d0fe741d6f62a94089.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Роҳбари "Толибон"* волиҳои 17 музофоти Афғонистонро таъйин кардааст. Дар ин бора Билол Каримӣ, ноиби намояндаи расмии "Толибон"* дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Бар асоси иттилоияи "Толибон"*, ки Каримӣ шоми 7 ноябр нашр кард, волиҳои Бадахшон, Пактиё, Кобул, Кундуз, Бағлон, Лугар, Пактико, Бомиён, Урузгон, Фароҳ, Сарипул, Ҷузҷон, Форёб, Майдон Вардак, Зобул, Нимрӯз ва Ғазнӣ таъйин гардиданд. Инчунин таъкид шудааст, ки дар бархе вилоятҳо ноибони волӣ ва сардорони пулис низ истихдом шудаанд.Қудрат дар Афғонистонро "Толибон"* нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуд. Роҳбари кобина ё худ сарвазир дар ҳукумати "Толибон"* Муҳаммад Ҳасан Охунд мебошад. Ба мақомҳои ноиби аввали сарвазир Мулло Бародар ва дуюми сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ таъйин шудаанд. Яке аз талаботе, ки нерӯҳои мухолифини "Толибон"* дар Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон дар пеши аъзои ин ҳаракат мегузоранд, ташкили ҳукумати ҳамашумул мебошад. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211108/voli-badakhshonro-paydo-kist-1043309126.html
афғонистон
музофоти бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042008763_143:0:864:541_1920x0_80_0_0_e50f60e349ad10d035f261fb3749e662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, ҳукумат, тағйирот
толибон, ҳукумат, тағйирот
Тағйироти кадрии "Толибон"*: таъйини 17 волии нав
12:35 08.11.2021 (Навсозишуда: 12:13 16.11.2021) Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари "Толибон"*, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли равон ғасб кард, тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Роҳбари "Толибон"* волиҳои 17 музофоти Афғонистонро таъйин кардааст. Дар ин бора Билол Каримӣ, ноиби намояндаи расмии "Толибон"* дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Бар асоси иттилоияи "Толибон"*, ки Каримӣ шоми 7 ноябр нашр кард, волиҳои Бадахшон, Пактиё, Кобул, Кундуз, Бағлон, Лугар, Пактико, Бомиён, Урузгон, Фароҳ, Сарипул, Ҷузҷон, Форёб, Майдон Вардак, Зобул, Нимрӯз ва Ғазнӣ таъйин гардиданд.
Инчунин таъкид шудааст, ки дар бархе вилоятҳо ноибони волӣ ва сардорони пулис низ истихдом шудаанд.
Қудрат дар Афғонистонро "Толибон"* нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуд.
Роҳбари кобина ё худ сарвазир дар ҳукумати "Толибон"* Муҳаммад Ҳасан Охунд мебошад. Ба мақомҳои ноиби аввали сарвазир Мулло Бародар ва дуюми сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ таъйин шудаанд.
Яке аз талаботе, ки нерӯҳои мухолифини "Толибон"* дар Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон дар пеши аъзои ин ҳаракат мегузоранд, ташкили ҳукумати ҳамашумул мебошад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар