Мутахассисони рус беш аз 6 ҳазор низомии тоҷикро омӯзиш доданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские военные на параде
Таджикские военные на параде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия беш аз шаш ҳазор низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро бозомӯзӣ кардааст.
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Мутахассисони низомии Русия аллакай беш аз 6 ҳазор низомии Тоҷикистонро омӯзиш додаанд, гуфт фармондехи Ҳавзаи марказии харбӣ Александр Лапин.
Ба гуфтаи ӯ, Русия барои омода кардани кадрҳои низомӣ барои артиши Тоҷикистон фаъол аст.
"Дар соли ҷорӣ мутахассисони Русия омӯзиши ҳудуди ҳазор нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи миллиро ба итмом расонданд. То имрӯз беш аз 6 ҳазор нафар аз низомиёни артиши Тоҷикистон аллакай омӯзиш дидаанд", - гуфт роҳбари низомиён.
Лапин тавзеҳ дод, ки афсарони мақомоти фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба таври анъанавӣ дар чорабиниҳои омодагии оперативӣ-ҷангии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, инчунин дар ҷамъомади сафарбаркунии оперативии роҳбарияти ҳавзаи ҳарбӣ, фармондеҳони ҳайати фармондеҳӣ иштирок мекунанд.
Қобили зикр аст, ки кормандони низомии хориҷӣ аз рӯи ҳамон ихтисосҳо ва ҳамон барномаҳои таълимӣ, ки доранд, тибқи онҳо дар донишгоҳҳои кафедраи ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия таҳсил мекунанд.
Российские военные инструкторы подготовят тысячу специалистов для ВС Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Низомиёни Русия барои артиши Тоҷикистон ҳазорҳо мутахассис омода мекунанд
Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар чаҳорчӯби барномаи таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сурат мегирад.
Ҷониби Русия ин барномаро як василаи калидии афзоиши тавонмандии ҷангии ҳампаймони Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва саҳми Русия дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон медонад.
Лентаи хабарҳо
0