https://sputnik.tj/20211108/rusiya-kobul-kumak-1043308630.html
Русия ба Кобул кумаки башардӯстона мерасонаду донишҷӯёни афғонро берун меорад
Русия ба Кобул кумаки башардӯстона мерасонаду донишҷӯёни афғонро берун меорад
Sputnik Тоҷикистон
Барои донишҷӯёни афғон, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, парвозҳои махсуси содиротӣ ташкил карда мешавад
2021-11-08T10:26+0500
2021-11-08T10:26+0500
2021-11-08T10:59+0500
афғонистон
кӯмак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043191141_0:257:2650:1748_1920x0_80_0_0_d1bd8e06404f5d89b5fa1f79770d9496.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Русия барои расонидани кумаки башардӯстона ба Кобул парвози махсус омода мекунад гуфт, сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов. Вай қайд кард, он шаҳрвандони Афғонистон, ки шаҳрвандии Русия доранд, дар моҳи ноябр бо ҳамин парвозҳо бароварда мешаванд.Ба гуфтаи сафир, барои донишҷӯёне, ки тибқи квотаҳои махсус ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд ва ҳамчунин барои таҷрибаомӯзӣ чанд парвоз ташкил карда мешавад. "Онҳо ҳатто барои чипта пул надоранд, аммо омӯзиш бояд идома ёбад. Худи толибон аз ин ҷонибдорӣ мекунанд", - афзуд дипломат.Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико шиддат гирифт. То нимаи моҳи август "Толибон"* ҳукумати қаблиро суқут дод ва худ идораи Афғонистонро ба даст гирифт.Аввали моҳи сентябр ҷангҷӯён ҳукуматашонро ташкил карда, аъзои кобинаашонро эълон карданд, ки бинобар ҳамашумул набуданаш мавриди бархӯрди шадид қарор гирифт.Ҳамакнун наздик ба се моҳ мешавад, ки "Толибон"* Афғонистонро идора дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ононро ба расмият нашинохтааст.* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211011/umed-tolibon-rusiya-sarmoyaguzori-afghoniston-1042757520.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043191141_294:0:2650:1767_1920x0_80_0_0_5bacacdba43382fcb93c12944eb29d18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия кобул кумак
Русия ба Кобул кумаки башардӯстона мерасонаду донишҷӯёни афғонро берун меорад
10:26 08.11.2021 (Навсозишуда: 10:59 08.11.2021) Барои донишҷӯёни афғон, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, парвозҳои махсус ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Русия барои расонидани кумаки башардӯстона ба Кобул парвози махсус омода мекунад гуфт, сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов.
Вай қайд кард, он шаҳрвандони Афғонистон, ки шаҳрвандии Русия доранд, дар моҳи ноябр бо ҳамин парвозҳо бароварда мешаванд.
"Ҳоло мо барои ташкили парвози махсус дар ин ҷо омодагӣ мегирем. Як гурӯҳи бузурги кумакҳои башардӯстонаи ғизоӣ оварда мешавад. Дар ҳамин парвозҳои махсус афғонҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро доранд, берун меорем", - гуфт Жирнов дар суҳбат ба шабакаи телевизионии "Россия 1".
Ба гуфтаи сафир, барои донишҷӯёне, ки тибқи квотаҳои махсус ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд ва ҳамчунин барои таҷрибаомӯзӣ чанд парвоз ташкил карда мешавад.
"Онҳо ҳатто барои чипта пул надоранд, аммо омӯзиш бояд идома ёбад. Худи толибон аз ин ҷонибдорӣ мекунанд", - афзуд дипломат.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико шиддат гирифт. То нимаи моҳи август "Толибон"* ҳукумати қаблиро суқут дод ва худ идораи Афғонистонро ба даст гирифт.
Аввали моҳи сентябр ҷангҷӯён ҳукуматашонро ташкил карда, аъзои кобинаашонро эълон карданд, ки бинобар ҳамашумул набуданаш мавриди бархӯрди шадид қарор гирифт.
Ҳамакнун наздик ба се моҳ мешавад, ки "Толибон"* Афғонистонро идора дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ононро ба расмият нашинохтааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон