https://sputnik.tj/20211108/qoida-navi-vurudi-khorijiyon-ima-1043332979.html
Қоидаҳои нави вуруд ба ИМА мавриди амал қарор гирифтанд
Қоидаҳои нави вуруд ба ИМА мавриди амал қарор гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қоидаҳои нави вуруд барои хориҷиён мавриди амал қарор гирифтанд
2021-11-08T20:20+0500
2021-11-08T20:20+0500
2021-11-08T20:39+0500
дар ҷаҳон
има
тандурустӣ
вуруд
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042814285_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_986da48d6309b0d45c0770c9396bec1e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Талаботи ваксиназании ҳатмӣ барои вуруд ба ИМА аз 8 ноябр амалӣ мешаванд, хабар додааст РИА "Новости".Ба иттилои манбаъ, мақомоти ИМА талаб доранд, ки зимни саворшавӣ ба ҳавопаймо шаҳодатнома дар бораи ваксиназанӣ пешниҳод карда шавад. Қаблан хабар дода шуд, ки ин талабот то замони бекор шуданаш аз ҷониби президент амал мекунад. Маврид ба зикр аст, ки танҳо ваксиназанӣ бо доруҳои тасдиқкардаи ИМА ва ё Созмони ҷаҳонии беҳдошт қабул карда мешаванд, ки феълан ваксинаҳои истеҳсоли Русия дар ин феҳраст нест. Аз ин муқаррарот танҳо дипломатҳое, ки бо сафари давлатӣ вориди ИМА мешаванд, афроди синнашон аз 18 поин ва онҳое, ки расман ваксина барои онҳо номақбул дониста шудааст, истисно мебошанд. Феълан дар мавриди онҳое, ки барои мусобиқаҳои варзишӣ вориди ИМА мешаванд, муқаррароти рӯшан нест. Тибқи муқаррароти мақомоти ИМА, комилан ваксинагирифта нафаре маҳсуб меёбад, ки вояи дуюмро на пештар аз ду ҳафта то парвоз гирифтааст.
https://sputnik.tj/20211108/komarovkiy-vaksina-koronavirus-1043321310.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042814285_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_916d9cf6bc05830aaa812f2a2943f937.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, вуруд, хориҷ, амал, ваксина
има, вуруд, хориҷ, амал, ваксина
Қоидаҳои нави вуруд ба ИМА мавриди амал қарор гирифтанд
20:20 08.11.2021 (Навсозишуда: 20:39 08.11.2021) Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қоидаҳои нави вуруд барои хориҷиён мавриди амал қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Талаботи ваксиназании ҳатмӣ барои вуруд ба ИМА аз 8 ноябр амалӣ мешаванд, хабар додааст РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, мақомоти ИМА талаб доранд, ки зимни саворшавӣ ба ҳавопаймо шаҳодатнома дар бораи ваксиназанӣ пешниҳод карда шавад. Қаблан хабар дода шуд, ки ин талабот то замони бекор шуданаш аз ҷониби президент амал мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки танҳо ваксиназанӣ бо доруҳои тасдиқкардаи ИМА ва ё Созмони ҷаҳонии беҳдошт қабул карда мешаванд, ки феълан ваксинаҳои истеҳсоли Русия дар ин феҳраст нест.
Аз ин муқаррарот танҳо дипломатҳое, ки бо сафари давлатӣ вориди ИМА мешаванд, афроди синнашон аз 18 поин ва онҳое, ки расман ваксина барои онҳо номақбул дониста шудааст, истисно мебошанд.
Феълан дар мавриди онҳое, ки барои мусобиқаҳои варзишӣ вориди ИМА мешаванд, муқаррароти рӯшан нест.
Тибқи муқаррароти мақомоти ИМА, комилан ваксинагирифта нафаре маҳсуб меёбад, ки вояи дуюмро на пештар аз ду ҳафта то парвоз гирифтааст.