Низомиёни Русия барои артиши Тоҷикистон ҳазорҳо мутахассис омода мекунанд

Обуна шудан
Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия аллакай ба омӯзиш ва машкҳои низомии низомиёни тоҷик оғоз кардааст
Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳазорҳо мутахассисони ҷавонро барои артиши Тоҷикистон омода хоҳанд кард.
Машқҳои низомӣ дар ду размоишгоҳ Тоҷикистон – Лоҳур ва Сумбула идома дорад. Артиши Тоҷикистон 14 ихтисоси ҳарбиро меомӯзад - аз ҷумла механик ва оператори тонки Т-72, ​​фармондеҳи БМ-21 Град, тирандози зиреҳпӯши БТР-80 ва ғайра.
Даври омӯзишӣ тақрибан се моҳ идома хоҳад ёфт - гурӯҳи хатмкунандаҳо баъд аз омӯзиш имтиҳон хоҳанд супорид.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомӣ дар хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0