https://sputnik.tj/20211105/rusiya-shughl-muhojir-niyoz-1043280725.html
Дар Русия шуғлҳоеро, ки ба муҳоҷирон ниёз доранд, номбар карданд
Дар Русия шуғлҳоеро, ки ба муҳоҷирон ниёз доранд, номбар карданд
Sputnik Тоҷикистон
Корфармоён гуфтанд, ки бинобар хуруҷи муҳоҷирон дар кадом соҳаҳо норасоии кадрӣ шадид аст
2021-11-05T11:15+0500
2021-11-05T11:15+0500
2021-11-10T14:40+0500
муҳоҷират
ҷои кор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040407435_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8b386f2811ee36dc7dff15a5711098d1.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар бозори кори Русия аз ҳама бештар пайкрасонҳо, боркашҳо ва бинокорон намерасидаанд. Дар ин бора "Известия" менависад.Ин ба он далел аст, тиҷорате, ки аз пандемияи коронавирус зарар дидааст, назар ба фаъолияти довталабони кор зудтар барқарор мешавад, мегӯяд Владимир Коритский, директори сервиси "Работа.ру".Коҳиши шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба афзоиши ҷойҳои холӣ дар тиҷорат (+226 фоиз) ва хидматрасонӣ (+49 фоиз), инчунин дар сохтмон (+16 фоиз) ва саноат (+13 фоиз) мусоидат кардааст, гуфт Коритский. Илова бар ин талабот ба мутахассисони соҳаи маркетинг ва IT зиёд аст.Ба гуфтаи Наталя Данина, мудири департаменти ҳалли таҳлилии тиҷорат дар "HeadHunter", норасоии кадрҳо бинобар “таъсири сӯрохи демографӣ” ва коҳиши муҳоҷирати дохилӣ ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи ин созмон, дар Федератсияи Русия норасоии шадиди мутахассисон дар бахшҳои бонкӣ, тиб, дорусозӣ, сайёҳӣ, тиҷорати меҳмонхона ва тарабхонаҳо, харидуфурӯш, мошинсозӣ, суғурта вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20211104/maoshi-muhojironi-kori-dar-sokhtmonhoi-rusiya-oshkor-shud-1043275529.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040407435_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_ae098931854a88846477aa77a6845bdd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия шуғл муҳоҷирон ниёз
русия шуғл муҳоҷирон ниёз
Дар Русия шуғлҳоеро, ки ба муҳоҷирон ниёз доранд, номбар карданд
11:15 05.11.2021 (Навсозишуда: 14:40 10.11.2021) Корфармоён гуфтанд, ки бинобар хуруҷи муҳоҷирон дар кадом соҳаҳо норасоии кадрӣ шадид аст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар бозори кори Русия аз ҳама бештар пайкрасонҳо, боркашҳо ва бинокорон намерасидаанд. Дар ин бора
"Известия" менависад.
Ин ба он далел аст, тиҷорате, ки аз пандемияи коронавирус зарар дидааст, назар ба фаъолияти довталабони кор зудтар барқарор мешавад, мегӯяд Владимир Коритский, директори сервиси "Работа.ру".
"Норасоии нерӯи корӣ ба майл надоштани одамон барои иваз кардани ҷои кор дар вазъияти ноустувор ва хуруҷи муҳоҷироне, ки дар соҳаи сохтмон машғули кор буданд, алоқаманд аст", - таъкид кард ӯ.
Коҳиши шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба афзоиши ҷойҳои холӣ дар тиҷорат (+226 фоиз) ва хидматрасонӣ (+49 фоиз), инчунин дар сохтмон (+16 фоиз) ва саноат (+13 фоиз) мусоидат кардааст, гуфт Коритский.
Илова бар ин талабот ба мутахассисони соҳаи маркетинг ва IT зиёд аст.
Ба гуфтаи Наталя Данина, мудири департаменти ҳалли таҳлилии тиҷорат дар "HeadHunter", норасоии кадрҳо бинобар “таъсири сӯрохи демографӣ” ва коҳиши муҳоҷирати дохилӣ ба вуҷуд омадааст.
Ба гуфтаи ин созмон, дар Федератсияи Русия норасоии шадиди мутахассисон дар бахшҳои бонкӣ, тиб, дорусозӣ, сайёҳӣ, тиҷорати меҳмонхона ва тарабхонаҳо, харидуфурӯш, мошинсозӣ, суғурта вуҷуд дорад.