https://sputnik.tj/20211108/gholiboni-ozmun-million-somoni-judo-1043324762.html
Ғолибони озмуне, ки барои гузаронданаш 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд, эълон мегарданд
Ғолибони озмуне, ки барои гузаронданаш 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд, эълон мегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ба марҳилаи ниҳоӣ расид
2021-11-08T16:04+0500
2021-11-08T16:04+0500
2021-11-08T19:10+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷоиза
озмун
ғолиб
овозхон
финал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1f/1031663811_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_50377c22ba19c83174df4b5843684351.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев 313 довталаб барои ҷойҳои ифтихорӣ сабқат хоҳанд кард. Марҳилаи ниҳоӣ аз 8 то 12 ноябр идома меёбад. Соли равон дар даври аввали озмун 2991 нафар ва даври дувум 1317 нафар иштирок намуд, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати фарҳанг. Манбаъ таъкид кард, ки маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 16-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.Тибқи низомнома, озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар бахшҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ миёни иштирокдорони аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 40-сола гузаронда мешавад. Дар ҳар гурӯҳи синнусолӣ ва бахшҳо барандаҳои ҷои аввал 35 ҳазор сомонӣ, барандаҳои ҷои дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва барандаҳои ҷои сеюм 15 ҳазор сомониро соҳиб хоҳанд шуд.Таъкид шудааст, ки дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст. Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри аз 5 то 10 хол, аз тариқи овоздиҳии пӯшида ғолибонро муайян мекунад.Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар радабандии синусолии аз 12 то 17-сола соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мешаванд, аз ҳисоби Фонди захиравии раисҷумҳур бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.Инчунин дар ҳар як бахш як ҷоизаи ифтихорӣ ё худ шоҳҷоиза пешбинӣ шудааст, ки мукофотпулии он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210327/Taqyirot-ozmun-tojikiston-1033087457.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1f/1031663811_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_e8aebe536afe7d23e9ef8d6d118c0d80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озмун, тоҷикистон, ватани азиз, марҳила, ниҳоӣ
озмун, тоҷикистон, ватани азиз, марҳила, ниҳоӣ
Ғолибони озмуне, ки барои гузаронданаш 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд, эълон мегарданд
16:04 08.11.2021 (Навсозишуда: 19:10 08.11.2021) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ба марҳилаи ниҳоӣ расид
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев 313 довталаб барои ҷойҳои ифтихорӣ сабқат хоҳанд кард. Марҳилаи ниҳоӣ аз 8 то 12 ноябр идома меёбад.
Соли равон дар даври аввали озмун 2991 нафар ва даври дувум 1317 нафар иштирок намуд, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати фарҳанг.
Манбаъ таъкид кард, ки маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 16-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Тибқи низомнома, озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар бахшҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ миёни иштирокдорони аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 40-сола гузаронда мешавад. Дар ҳар гурӯҳи синнусолӣ ва бахшҳо барандаҳои ҷои аввал 35 ҳазор сомонӣ, барандаҳои ҷои дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва барандаҳои ҷои сеюм 15 ҳазор сомониро соҳиб хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки дар озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст. Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёри аз 5 то 10 хол, аз тариқи овоздиҳии пӯшида ғолибонро муайян мекунад.
Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар радабандии синусолии аз 12 то 17-сола соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мешаванд, аз ҳисоби Фонди захиравии раисҷумҳур бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Инчунин дар ҳар як бахш як ҷоизаи ифтихорӣ ё худ шоҳҷоиза пешбинӣ шудааст, ки мукофотпулии он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.