Тағйирот дар озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман": аз ҷоизапулӣ то шарти иштирок

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские дутаристки , архивное фото
Таджикские дутаристки , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Обуна шудан
Соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" баргузор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27 март - Sputnik. Имсол озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" бо чандин тағйиротҳои нав баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар.
Нахуст ба ҳаҷми маблағе, ки ҳамасола барои ин озмун аз Фонди захиравии Президент ихтисос дода мешавад, дигаргунӣ ворид шуд. Агар соли гузашта барои доир кардани озмуни мазкур 2 140 000 сомонӣ ҷудо гардида буд, имсол маблағи озмун ба 2 540 000 сомонӣ афзун карда шуд.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Пешниҳоди Рамазон Раҳимзода барои баргузории ду озмун
Илова бар ин, иштирокчиёнро имсол ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд. Ба гурӯҳи якум хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо ворид мешавад.
Ба гурӯҳи баъдӣ бошад хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ шомил карда мешаванд.
Манбаъ меафзояд, ин ду гурӯҳ ҳамзамон бо синну сол низ фарқ мекунанд. Дар гурӯҳи якум нафарони аз 12 то 17-сола ва дар дуюм аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд.
Зикр мегардад, ки соли ҷорӣ барои ҷойи якум ба  як нафар 35 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм ба  ду нафар 25 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм ба ду нафар 15 000 сомонӣ дода мешавад.
Рустами Эмомалӣ барои ишғоли ҷойҳои холӣ озмун эълон кард: маош - 1675 сомонӣ
"Дар даври сеюм ба ҳар номинатсия як ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст. Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст", - таъкид мешавад дар хабар.
Бояд гуфт, ки имсол, Кумитаи тадорукоти озмун ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо намудааст, ки маблағи он 50 000 сомонӣ муайян шудааст.
Лентаи хабарҳо
0