Изҳороти ВУХ Эрон дар бораи сафари Аҳмад Масъуд ба Машҳад

© Foto / Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Эрон сафар Аҳмади Масъуд ба ин кишварро тасдиқ ва ё рад накард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Саиди Хатибзода, сухангӯи ВКХ Эрон дар нишасти хабарии имрӯз, 8 ноябр дар бораи воқеияти сафари Аҳмад Масъуд ба Эрон гуфт, сафарҳо дар мавзӯи Афғонистон маъмулӣ буда, бо огоҳии Кобул ва дӯстон дар манотиқу гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон сурат мегиранд.
Дар зимн ӯ гуфт, ҳафтаи гузашта барои содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон сафаре сурат гирифт.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар посух ба суоле дар бораи сафари Аҳмад Масъуд ба ин кишвар гуфт: "Сафарҳо ба Эрон бо огоҳии Кобул ва дӯстон дар ҷиҳоти мухталифи ҷомеаи маданӣ ва гурӯҳҳои афғонистонӣ сурат гирифтаанд".
Вай афзуд, ки ҳафтаи гузашта миёни ширкатҳои энержии Эрон ва Афғонистон дар мавриди содироти нерӯи барқ тавофуқ ҳосил шуд. Аммо ӯ дар бораи сафари роҳбари Ҷабҳаи миллии муқовимат ба Машҳад мушаххасан чизе нагуфт.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Аҳмад Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон ба зудӣ ба Кобул сафар мекунад ва рафтуомадҳои кишварҳои ҳамсоя идома дорад ва идома хоҳад ёфт.
Ҳафтаи гузашта манобеи Sputnik хабар доданд, ки Аҳмад Масъуд ахиран ба Машҳад сафар кардаву бо фармондеҳони ҷиҳодии Афғонистон Амир Исмоилхон мулоқот кардааст.
Тоҷикистон ва Эрон аз замони ба дасти "Толибон"* расидани Ҳукумати Афғонистон хостори таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишвар шудаанд.
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон нест, ӯ дар Афғонистон аст
Тоҷикистон борҳо аз кобинаи қавмии "Толибон"* интиқод карда ва таниши миёни ин кишвар ва "Толибон"* то ба ҷое расидааст, ки нерӯҳои худро дар ду тарафи марз мустақар кунанд.
Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки ҳукумати худхондаи "Толибон"-ро ба расмият намешиносад, то он замоне ки онҳо ваъдаҳои додаашонро иҷро накунанд.
Аммо Эрон равобити худро бо "Толибон"* нигоҳ доштааст ва чанде аз мақомоти эронӣ ба Афғонистон сафар кардаанд.
-гурӯҳи террористии мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0