Эълони теъдоди умумии гирифторони коронавирус ва фавт аз ин беморӣ дар ҷаҳон

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту
Медицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 250 миллион нафар наздик шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба ҳолати субҳи душанбеи 8-уми ноябр то ба 249 миллиону 866 ҳазору 872 нафар расидааст, хабар медиҳад Донишгоҳи амрикоии Ҷон Ҳопкинс.
Бар асоси додаҳои ин донишгоҳ, аз оғози паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон бар асари ин беморӣ беш аз 5 миллиону 49 ҳазор нафар ҷон додааст.
Дар феҳрасти кишварҳое, ки беш аз 20 миллион ҳолати гирифторӣ доранд, чун пештара ИМА, Ҳинд ва Бразилия қарор доранд.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Роспотребнадзор гуфт, COVID чӣ гуна тағйир ёфтааст
Дар сархат ИМА қарор дорад, ки дар он беш аз 46 миллиону 487 ҳазор мубталои COVID-19 сабт шуда, бар асари он 754 ҳазору 429 нафар фавтидааст.
Дар зинаи дуюм Ҳинд бо беш аз 34 миллиону 355 ҳазор гирифтор ва 460 ҳазору 791 фавт қарор дорад.
Ҷойи чорумро Бразилия гирифтааст, ки дар ин кишвар беш аз 21 миллиону 880 ҳазор мубталои коронавирус ва 609 ҳазору 447 ҳолати марг сабт шудааст.
Бар асоси пойгоҳи "Worldometer", ки бо омори муҳимтарин ҳаводиси ҷаҳон сарукор дорад, нишондоди миёнаи марг миёни сокинони сайёра 649,7 ҳолат сари як миллион сокинро ташкил медиҳад. Дар ИМА сари 1 миллион сокин 2 324 ҳолати фавт, дар Ҳинд 330 ва дар Бразилия 2 840 фавт рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0