Садамаи маргбор дар шаҳри Душанбе: кӯдаки 4-сола зери чархи мошин ҷон бохт

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Кӯдаки хурдсол дар паи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ зери чархи мошин ҷон дод
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ронандаи "Киа К-7" кӯдаки 4-соларо пахш карда, ки дар зимни ба бемористон интиқол додан ӯ ҷон додааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 5-уми ноябр, тахминан соати 14:58 рух додааст.
Ронандаи автомашиани тамғаи "Киа К-7" сокини 50-солаи шаҳри Душанбе будааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Пираманди 76 - сола дар шаҳри Хуҷанд зери чархи мошин ҷон бохт
Ҳодиса ҳангоми ҳаракат дар зеркӯчаи Деҳи Боло, аз тарафи кӯчаи Варзишгарон ба самти кучаи А. Синои пойтахт рух додааст.
Дар ин роҳ ронанда пиёдагарди хурдсол, сокини 4-солаи шаҳри Душанберо пахш намудааст.

"Дар натиҷа пиёдагари хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз ҷониби худи ронанда ба беморхонаи Ибни Сино бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0