Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ Қирғизистон: Низомиёни тоҷик мошини марзбони қирғизро сангборон карданд

© Sputnik / Игорь Егоров / Гузариш ба медиабонкСитуация на границе Кыргызстана и Таджикистана
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
КДАМ Қирғизистон мегӯяд, низомиёни тоҷик хостанд марзбони қирғизро боздошт кунанд. Ӯ осеб надидааст, танҳо шишаи мошинаш шикастааст
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Сарбозони тоҷик ба сӯйи мошини як марзбони қирғиз санг партоб карданд, гузориш медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба КДАМ.
Тибқи гузориши ин ниҳод, рӯзи чаҳоруми ноябр дар ноҳияи Лайлак, дар қитъаи роҳи Арка - Борбордук, дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Бостон" як марзбони қирғиз савори мошинаш кӯшиш гардиш кардааст.

"Дар ҷараёни ин ҳаракат мошинро панҷ низомии тоҷик сангборон карданд", - омадааст дар хабар.

Манбаъ мегӯяд, онҳо кӯшиши боздошти ӯро кардаанд, вале ин талош бебарор будааст. Сарҳадбон осеб надидааст, танҳо шишаи мошинаш шикастааст.
Граница между Казахстаном и Кыргызстаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Қирғизистон гуфт, аз Тоҷикистон киҳо метавонанд вориди қаламраваш шаванд
КДАМ Қирғизистон афзуда, ки корҳо дар ин робита идома доранд.
Дар ин росто, мулоқоти намояндагони марзбонии Қирғизистон дар Лайлак ва Тоҷикистон дар Ганҷин дар назар аст.
Ногуфта намонад, ки КДАМ Тоҷикистон то ҳол ин воқеаро шарҳ надодааст.
Лентаи хабарҳо
0