https://sputnik.tj/20211105/qirghiziston-tojikiston-vorid-qalamravash-1043278959.html
Қирғизистон гуфт, аз Тоҷикистон киҳо метавонанд вориди қаламраваш шаванд
Қирғизистон гуфт, аз Тоҷикистон киҳо метавонанд вориди қаламраваш шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қирғизистон афродеро номбар карданд, ки иҷозаи убури марзи Тоҷикистону Қирғизистонро доранд
2021-11-05T09:00+0500
2021-11-05T09:00+0500
2021-11-10T13:32+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
донишҷӯён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102357/35/1023573566_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_cb7625b64c0077c32c8b54436bdfdd57.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қирғизҳои этникӣ ва фарзандони ноболиғи онҳо, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, метавонанд аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон шаванд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар хабар медиҳад.Илова бар ин вуруд ба кишвар барои донишҷӯён ва омӯзгорони шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, боз аст.Кумитаи давлатӣ ёдовар шуд, ки аз охири моҳи майи соли 2021 воридоти коло, воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандони ҷумҳурии ҳамсоя тавассути як қатор гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон манъ шудааст.Маҳдудиятҳо ба гузаргоҳҳои Кулунду, Қайроғоч, Қизил Бел, Бордебо ва Қарамиқ дахл доштанд. Аз ин гузаргоҳҳо танҳо шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки ба Ватан бармегарданд, дипломатҳо ва аҳли хонаводаи онҳо метавонанд аз марз убур кунанд.Ин ниҳод афзудааст, вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ тавассути кишварҳои сеюм манъ аст.Ёдовар мешавем, Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳона, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар марз рух дод, марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
https://sputnik.tj/20211023/jabborov-qirghiziston-marz-tojikiston-1043056072.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102357/35/1023573566_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_c8dbb200b544b2c8366ed0ae4ea16268.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон тоҷикистон қаламрав марз
қирғизистон тоҷикистон қаламрав марз
Қирғизистон гуфт, аз Тоҷикистон киҳо метавонанд вориди қаламраваш шаванд
09:00 05.11.2021 (Навсозишуда: 13:32 10.11.2021) Мақомоти Қирғизистон афродеро номбар карданд, ки иҷозаи убури марзи Тоҷикистону Қирғизистонро доранд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қирғизҳои этникӣ ва фарзандони ноболиғи онҳо, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, метавонанд аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон шаванд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар хабар медиҳад.
Илова бар ин вуруд ба кишвар барои донишҷӯён ва омӯзгорони шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, боз аст.
Кумитаи давлатӣ ёдовар шуд, ки аз охири моҳи майи соли 2021 воридоти коло, воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандони ҷумҳурии ҳамсоя тавассути як қатор гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон манъ шудааст.
Маҳдудиятҳо ба гузаргоҳҳои Кулунду, Қайроғоч, Қизил Бел, Бордебо ва Қарамиқ дахл доштанд. Аз ин гузаргоҳҳо танҳо шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки ба Ватан бармегарданд, дипломатҳо ва аҳли хонаводаи онҳо метавонанд аз марз убур кунанд.
Ин ниҳод афзудааст, вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ тавассути кишварҳои сеюм манъ аст.
Ёдовар мешавем, Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳона, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар марз рух дод, марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.