https://sputnik.tj/20210915/ismoilkhon-hukumati-hamashumul-afghoniston-bargardam-1042268189.html
Исмоилхон: Аҳмад Масъуд танҳо нест!
Исмоилхон: Аҳмад Масъуд танҳо нест!
Sputnik Тоҷикистон
Амир Исмоихон аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот ба Sputnik гуфт, ҳанӯз дар мавриди ояндааш тасмим нагирифтааст. Ӯ ин тасмимро ба эҷоди ҳукумати ҳамашумул рабт додааст
2021-09-15T12:35+0500
2021-09-15T12:35+0500
2021-09-15T13:00+0500
ҳирот
афғонистон
"толибон"
баргашт
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_0:5:960:545_1920x0_80_0_0_37e0255ae941394ea699e898d6f09265.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Амир Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот ва яке аз раҳбарони аршади ҷиҳодӣ, ки пас аз суқути Ҳирот чанд рӯз дар асорати "Толибон"* қарор дошт, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, ӯ ҳоло дар Машҳади Эрон аст ва то ҳанӯз тасмим нагирифта, ки ҷои дигаре равад.Дар бораи ҳукумати нави "Толибон"* амири пешини Ҳирот гуфт: " Дар сурате ки миллати мо аз ҳукумати "Толибон"* розӣ набошанд, иқдомоти ҷиддӣ мекунем, вале агар розӣ бошанд, мо ҳам розӣ хоҳем буд".Ба гуфтаи оқои Исмоилхон, таъсиси ҳукумати фарогир дар шароити кунунӣ ба манфиати мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст.Дар робита ба тамос бо "Толибон"*, волии собиқи Ҳирот гуфтааст, ки на бо раҳбарон ва на бо аъзои ин гурӯҳ дар тамос нест, аммо бо раҳбарони шимол дар тамос аст.Ин чеҳраи маъруфи ҷиҳодӣ қаблан дар изҳороти худ гуфта буд, ки муқовимати Панҷшер густариш меёбад.Вай таъкид кард, ки Ғанӣ масъули маъмури анҷоми кудето дар Афғонистон буд ва давлати қаблӣ ба ҳамин далел суқут кард.Амир Исмоилхон афзуд, муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд танҳо нест ва бо мурури замон дар дигар вилоятҳои Афғонистон густариш меёбаду рушд мекунад.* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210915/soleh-tojikiston-omad-fishorho-tolibon-panjsher-kohish-1042262941.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_59:0:912:640_1920x0_80_0_0_5e94a579cd1b8e61782789b3b8239c96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, амир исмоилхон, ҳукумат, ҳирот, толибон, ҳукумат, ҳамашумул
афғонистон, амир исмоилхон, ҳукумат, ҳирот, толибон, ҳукумат, ҳамашумул
Исмоилхон: Аҳмад Масъуд танҳо нест!
12:35 15.09.2021 (Навсозишуда: 13:00 15.09.2021) Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот ба Sputnik гуфт, ҳанӯз дар мавриди ояндааш тасмим нагирифтааст. Ӯ ин тасмимро ба эҷоди ҳукумати ҳамашумул рабт дод
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Амир Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот ва яке аз раҳбарони аршади ҷиҳодӣ, ки пас аз суқути Ҳирот чанд рӯз дар асорати "Толибон"* қарор дошт, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, ӯ ҳоло дар Машҳади Эрон аст ва то ҳанӯз тасмим нагирифта, ки ҷои дигаре равад.
“Ҳанӯз зуд аст, ки мо ҷое биравем ва агар ҳукумат ҳамашумул таҳти номи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон эҷод шавад, шояд баргардем”, - гуфт Исмоилхон.
Дар бораи ҳукумати нави "Толибон"* амири пешини Ҳирот гуфт: " Дар сурате ки миллати мо аз ҳукумати "Толибон"* розӣ набошанд, иқдомоти ҷиддӣ мекунем, вале агар розӣ бошанд, мо ҳам розӣ хоҳем буд".
“Дар сурате бармегардем, ки ҳукумати ҳамашумули эҷод шавад ва тамоми мардум аз он ҳимоят кунанд ва амнияти сартосарӣ дар Афғонистон ҳукмфармо бошад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи оқои Исмоилхон, таъсиси ҳукумати фарогир дар шароити кунунӣ ба манфиати мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст.
Дар робита ба тамос бо "Толибон"*, волии собиқи Ҳирот гуфтааст, ки на бо раҳбарон ва на бо аъзои ин гурӯҳ дар тамос нест, аммо бо раҳбарони шимол дар тамос аст.
Ин чеҳраи маъруфи ҷиҳодӣ қаблан дар изҳороти худ гуфта буд, ки муқовимати Панҷшер густариш меёбад.
Вай таъкид кард, ки Ғанӣ масъули маъмури анҷоми кудето дар Афғонистон буд ва давлати қаблӣ ба ҳамин далел суқут кард.
Амир Исмоилхон афзуд, муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд танҳо нест ва бо мурури замон дар дигар вилоятҳои Афғонистон густариш меёбаду рушд мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон