Назарзода дар Тошканд масъалаи наҷоти кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода
Председатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Обуна шудан
Дар ин форум лоиҳаи татбиқи технологияи инноватсионӣ дар кори муҳофизати қаламрав ва аҳолӣ аз офатҳои табиӣ муҳокима мешавад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд Форуми минтақавии ҷаласаи сарварони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ба кор намуд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар форуми мазкур генерал-лейтинант Рустам Назарзода бо як ҳайати корӣ намояндагӣ мекунад.
Саммит глав стран Центральной Азии в Туркменистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Раҳмон: Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ОМ аст
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин ҳамоиш иштироккунандагон лоиҳаҳои муҳимеро, ки татбиқи онҳо боиси баланд шудани самаранокии кор дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи наздимарзӣ хоҳанд шуд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Татбиқи технологияи инноватсионӣ дар кори муҳофизати қаламрав ва аҳолӣ аз офатҳои табиӣ аз мавзуъҳои муҳими ҳамоиш мебошад.
Лентаи хабарҳо
0