https://sputnik.tj/20210806/rahmon-tojikiston-hamkori-om-1041459184.html
Раҳмон: Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ОМ аст
Раҳмон: Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ОМ аст
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон сарони кишварҳои ОМ-ро ба ҳамкории зич даъват кард
2021-08-06T15:35+0500
2021-08-06T15:35+0500
2021-08-06T15:35+0500
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
туркманистон
осиёи марказӣ
нишаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456270_164:0:3805:2048_1920x0_80_0_0_27e5586edb03948844e52020dbdc05e4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Дар шаҳри Туркменбошӣ нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ суханронӣ карда, аз омодагии ҳамкорӣ гуфт.Президенти Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳамкории кишварҳои ОМ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад.Раҳмон ҳамчунин, соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳоРаисиҷумҳури Тоҷикистон, таваҷҷуҳи кишвардорони Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус ҷалб кард.Бояд гуфт, ки раисиро дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 Тоҷикистон ба уҳда дорад ва Раҳмон Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал мебошанд.
https://sputnik.tj/20210806/taqdim-nishon-rahmon-turkmaniston-1041458616.html
https://sputnik.tj/20210806/prezident-qirghiziston-moneaguzori-marz-1041454062.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456270_619:0:3350:2048_1920x0_80_0_0_c149c8fdcf2cd69af27acce1b7896374.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суханронии раҳмон, туркманистон,
суханронии раҳмон, туркманистон,
Раҳмон: Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ОМ аст
Президенти Тоҷикистон сарони кишварҳои ОМ-ро ба ҳамкории зич даъват кард
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Дар шаҳри Туркменбошӣ нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ суханронӣ карда, аз омодагии ҳамкорӣ гуфт.
"Мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳамкории кишварҳои ОМ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад.
Раҳмон ҳамчунин, соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, таваҷҷуҳи кишвардорони Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус ҷалб кард.
Бояд гуфт, ки раисиро дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 Тоҷикистон ба уҳда дорад ва Раҳмон Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал мебошанд.