https://sputnik.tj/20211105/mishustin-voris-putin-guftand-1043286866.html
Мишустинро вориси Путин гуфтанд: Ба президент ҳам мақбул аст
Мишустинро вориси Путин гуфтанд: Ба президент ҳам мақбул аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия бар ин боваранд, ки Михаил Мишустин вориси арзандаи Владимир Путин хоҳад буд 05.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-05T19:54+0500
2021-11-05T19:54+0500
2021-11-10T11:51+0500
сиёсат
владимир путин
ворис
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031617474_0:0:2579:1452_1920x0_80_0_0_b05291082d0cada20823d0aa488cbb7d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муваффақтарин вориси раисҷумҳури Русия Владимир Путин шояд сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин бошад. Дар ин бора сиёсатшинос Павел Салин дар суҳбат бо "Свободная пресса" изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, номзадии нахуствазир ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ба тамоми элитаи сиёсӣ мувофиқ хоҳад буд. Сиёсатшинос қайд кард, ки худи президенти Русия ҳам дар бораи номзадии Мишустин фикр мекунад. "Вай номзади тавофуқӣ хоҳад буд ва ин имкон медиҳад, ки суботи низоми сиёсӣ "пас аз Путин" нигоҳ дошта шавад. Ин вазифаи калидӣ барои президент аст", - шарҳ дод Салин. Зимнан, раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский низ бо ин коршинос ҳамназар аст. Ба гуфтаи вай, Мишустин, Сергей Шойгу, Сергей Собянин, Валентина Матвиенко ё Дмитрий Медведев метавонанд курсии раёсатҷумҳуриро ишғол кунанд.Бо вуҷуди таваҷҷуҳи рӯзноманигорони рус ва хориҷӣ ба ин масъала Путин ҳеҷ гоҳ мустақиман ба ин савол ҷавоб намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, чунин суҳбатҳо вазъро дар кишвар ноором мекунанд.
https://sputnik.tj/20211014/putin-dar-bora-voris-sarnavisht-dollar-arz-ramzkorishuda-guft-1042838709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031617474_0:0:2579:1934_1920x0_80_0_0_ad11f7745498754f56f6e88cfc047348.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , владимир путин, ворис, дар русия
сиёсат , владимир путин, ворис, дар русия
Мишустинро вориси Путин гуфтанд: Ба президент ҳам мақбул аст
19:54 05.11.2021 (Навсозишуда: 11:51 10.11.2021) Дар Русия бар ин боваранд, ки Михаил Мишустин вориси арзандаи Владимир Путин хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муваффақтарин вориси раисҷумҳури Русия Владимир Путин шояд сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин бошад.
Дар ин бора сиёсатшинос Павел Салин дар суҳбат бо "Свободная пресса" изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, номзадии нахуствазир ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ба тамоми элитаи сиёсӣ мувофиқ хоҳад буд.
"Гурӯҳҳои элита ба як номзади тавофуқӣ таваҷҷуҳ мекунанд ва ба таври умум чунин номзад дар шахси Михаил Мишустин аллакай вуҷуд дорад", - гуфт Салин.
Сиёсатшинос қайд кард, ки худи президенти Русия ҳам дар бораи номзадии Мишустин фикр мекунад.
"Вай номзади тавофуқӣ хоҳад буд ва ин имкон медиҳад, ки суботи низоми сиёсӣ "пас аз Путин" нигоҳ дошта шавад. Ин вазифаи калидӣ барои президент аст", - шарҳ дод Салин.
Зимнан, раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский низ бо ин коршинос ҳамназар аст. Ба гуфтаи вай, Мишустин, Сергей Шойгу, Сергей Собянин, Валентина Матвиенко ё Дмитрий Медведев метавонанд курсии раёсатҷумҳуриро ишғол кунанд.
Бо вуҷуди таваҷҷуҳи рӯзноманигорони рус ва хориҷӣ ба ин масъала Путин ҳеҷ гоҳ мустақиман ба ин савол ҷавоб намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, чунин суҳбатҳо вазъро дар кишвар ноором мекунанд.