https://sputnik.tj/20211014/putin-dar-bora-voris-sarnavisht-dollar-arz-ramzkorishuda-guft-1042838709.html
Путин дар бораи ворис, сарнавишти доллар ва пули рамзкоришуда гуфт
Путин дар бораи ворис, сарнавишти доллар ва пули рамзкоришуда гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Путин дар бораи ҷойгузинаш гуфт, ҳанӯз ӯ тасмим нагирифтааст, ки дар соли 2024 аз мақоми президентӣ меравад ё на
2021-10-14T18:00+0500
2021-10-14T18:00+0500
2021-10-14T18:00+0500
доллар
пул
путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042792932_0:0:2946:1657_1920x0_80_0_0_f2ea48373968e3d28972c76735fc43ef.jpg
Дар мусоҳиба бо CNBC Владимир Путин ба як суол дар бораи ворисаш посух ва инчунин дигар мавзӯъҳоро низ шарҳ дод."Феълан ҳеҷ тасмиме нагирифтаам”Дар бораи иштироки эҳтимолӣ дар интихобот раисҷумҳури Русия гуфт, ки ӯ дар ин бора шитобро афзал намедонад."Ин посухи анъанавии ман аст. То интихоботи навбатӣ вақт зиёде аст. Гуфтугӯҳо дар ин мавзуъ вазъро ноором мекунанд. Вазъият бояд ором ва муътадил бошад, то ҳама мақомот, тамоми сохторҳои давлатӣ бо дили пур кор кунанд", - гуфт президент.Вай аз ҳаққи ширкат дар даври дувуми интихобот ёдовар шуд. "Аммо дар бораи ин то ҳол тасмим нагирифтаам",- гуфт ӯ.Дар бораи дурнамои долларПутин гуфт, доллар мавқеи худро ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон аз даст медиҳад. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки ИМА долларро ҳамчун воситаи таҳрим истифода бурда, ба иштибоҳи бузург роҳ медиҳад.Вай ёдовар шуд, ки муомилот ва захираҳои кишварҳои гуногун бо пули амрикоӣ коҳиш меёбад.Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, Маскав манфиатдор нест, ки аз доллар даст кашад. "Ҳоло мо, масалан, аз пардохтҳо барои захираҳои энергетикӣ бо доллар, пеш аз ҳама барои нафт қаноатмандем", - гуфт ӯ.Путин афзуд, ки тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ аз вазъи иқтисоди ИМА вобаст аст. Ба қавли ӯ, Русия манфиатдор аст, то дар он ҷо нооромие набошад. Ба гуфтаи ӯ, Маскав он чиро, ки рӯй медиҳад, бодиққат мушоҳида, таҳлил мекунад ва барои таъмини манфиатҳои дарозмуддати худ иқдомот мекунад.Дар бораи пули рамзкоришудаПутин гуфт, пули рамзкоришуда (криптовалюта) метавонад воҳиди ҳисоб бошад, аммо он хеле ноустувор аст. "Барои интиқоли маблағ аз як ҷо ба ҷои дигар, бале, метавонад як восита бошад, аммо барои тиҷорат, бахусус тиҷорати захираҳои энергетикӣ, ба назари ман, ҳанӯз барвақт аст", - гуфт ӯ.Сарвари давлат тавзеҳ дод, ки пули рамзкоришуда то ҳол тавассути ҳеҷ чизе пуштибонӣ нашудааст. "Он вуҷуд дорад ва онро ҳамчун воситаи ҳисоб истифода бурдан мумкин аст, албатта, бале, аммо дар бораи тиҷорати нафт ё дигар маводи аввалия ва манбаъҳои энергия аз тариқи он, ба назарам, сухан гуфтан барвақт аст",- гуфт раисҷумҳури Русия.Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки ҳама чиз рушд мекунад, "ҳама чиз ҳуқуқи мавҷудият дорад"."Мо хоҳем дид, ки он чӣ гуна тавсеа пайдо мекунад, шояд рӯзе он ҳам ба яке аз василаҳои захира табдил шавад. Мо мебинем, ки ин бозор чӣ гуна тағйир меёбад. Аммо ҳоло имрӯз хеле барвақт аст", - гуфт Путин.Дар бораи воҳиди AUKUSТаъсиси чунин блокҳо ба монанди AUKUS, ки Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Австралияро муттаҳид мекунад, суботи минтақаро халалдор мекунад, - гуфт президент."Ба андешаи ман, дӯстӣ бо ҳамдигар хуб, аммо “дӯстӣ алайҳи каси дигар” бад аст. Ин суботро аз байн мебарад, ки мо ҳама дар бораи он суҳбат ва аз он муроқибат мекунем", - шарҳ дод Путин.Вай изҳори умедворӣ кард, ки вазъ аз рӯи сенарияи пешгӯинашаванда рушд нахоҳад кард ва боиси ташаннуҷи изофӣ дар минтақа нахоҳад шуд.Дар бораи Навалний Путин дар посух ба суоле дар бораи Алексей Навалний гуфт, мақомоти Русия касеро ба ҳич далеле истисно намекунанд, аз ҷумла онҳоеро, ки қонунро вайрон кардаанд ва пушти фаъолиятҳои сиёсӣ пинҳон шудаанд.Рӯзи дуюми феврал Додгоҳи Симоновскийи Маскав қарор кард, ки муддати ҳабси шартии Навалний дар парвандаи Ив Рочер қатъ ва ӯ барои 3,5 сол дар колонияи низоми умумӣ зиндонӣ шавад. Хадамоти федералии зиндонбонии Русия мегӯяд, вай борҳо шароити давраи озмоиширо нақз карда, пеш аз боздошташ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифт. Баъдан додгоҳи шаҳри Маскав ин қарорро таъйид кард. Ҳоло Навалний дар зиндон аст.
https://sputnik.tj/20211014/putin-ruznomanigor-amrikoi-prezidenti-nav-1042831956.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042792932_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_012887f51c15142319a16c2b61a0cbbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, рубл, доллар, русия, амрико, ворис, пули рамзкоришуда
путин, рубл, доллар, русия, амрико, ворис, пули рамзкоришуда
Путин дар бораи ворис, сарнавишти доллар ва пули рамзкоришуда гуфт
Путин дар бораи ҷойгузинаш гуфт, ҳанӯз ӯ тасмим нагирифтааст, ки дар соли 2024 аз мақоми президентӣ меравад ё на
Дар мусоҳиба бо CNBC Владимир Путин ба як суол дар бораи ворисаш посух ва инчунин дигар мавзӯъҳоро низ шарҳ дод.
"Феълан ҳеҷ тасмиме нагирифтаам”
Дар бораи иштироки эҳтимолӣ дар интихобот раисҷумҳури Русия гуфт, ки ӯ дар ин бора шитобро афзал намедонад.
"Ин посухи анъанавии ман аст. То интихоботи навбатӣ вақт зиёде аст. Гуфтугӯҳо дар ин мавзуъ вазъро ноором мекунанд. Вазъият бояд ором ва муътадил бошад, то ҳама мақомот, тамоми сохторҳои давлатӣ бо дили пур кор кунанд", - гуфт президент.
Вай аз ҳаққи ширкат дар даври дувуми интихобот ёдовар шуд. "Аммо дар бораи ин то ҳол тасмим нагирифтаам",- гуфт ӯ.
Дар бораи дурнамои доллар
Путин гуфт, доллар мавқеи худро ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон аз даст медиҳад. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки ИМА долларро ҳамчун воситаи таҳрим истифода бурда, ба иштибоҳи бузург роҳ медиҳад.
"Дар робита ба ин масъала метавон гуфт, Иёлоти Муттаҳида шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад, зеро ин яке аз бартариятҳои мутлақи доллар ба унвони асъори захираи ҷаҳонӣ аст ва бо ин роҳ ба манофеи сиёсӣ ва стратегии иқтисодии худ зиён мерасонад ",- илова кард раҳбари Русия.
Вай ёдовар шуд, ки муомилот ва захираҳои кишварҳои гуногун бо пули амрикоӣ коҳиш меёбад.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, Маскав манфиатдор нест, ки аз доллар даст кашад. "Ҳоло мо, масалан, аз пардохтҳо барои захираҳои энергетикӣ бо доллар, пеш аз ҳама барои нафт қаноатмандем", - гуфт ӯ.
Путин афзуд, ки тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ аз вазъи иқтисоди ИМА вобаст аст. Ба қавли ӯ, Русия манфиатдор аст, то дар он ҷо нооромие набошад. Ба гуфтаи ӯ, Маскав он чиро, ки рӯй медиҳад, бодиққат мушоҳида, таҳлил мекунад ва барои таъмини манфиатҳои дарозмуддати худ иқдомот мекунад.
Дар бораи пули рамзкоришуда
Путин гуфт, пули рамзкоришуда (криптовалюта) метавонад воҳиди ҳисоб бошад, аммо он хеле ноустувор аст. "Барои интиқоли маблағ аз як ҷо ба ҷои дигар, бале, метавонад як восита бошад, аммо барои тиҷорат, бахусус тиҷорати захираҳои энергетикӣ, ба назари ман, ҳанӯз барвақт аст", - гуфт ӯ.
Сарвари давлат тавзеҳ дод, ки пули рамзкоришуда то ҳол тавассути ҳеҷ чизе пуштибонӣ нашудааст. "Он вуҷуд дорад ва онро ҳамчун воситаи ҳисоб истифода бурдан мумкин аст, албатта, бале, аммо дар бораи тиҷорати нафт ё дигар маводи аввалия ва манбаъҳои энергия аз тариқи он, ба назарам, сухан гуфтан барвақт аст",- гуфт раисҷумҳури Русия.
Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки ҳама чиз рушд мекунад, "ҳама чиз ҳуқуқи мавҷудият дорад".
"Мо хоҳем дид, ки он чӣ гуна тавсеа пайдо мекунад, шояд рӯзе он ҳам ба яке аз василаҳои захира табдил шавад. Мо мебинем, ки ин бозор чӣ гуна тағйир меёбад. Аммо ҳоло имрӯз хеле барвақт аст", - гуфт Путин.
Таъсиси чунин блокҳо ба монанди AUKUS, ки Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Австралияро муттаҳид мекунад, суботи минтақаро халалдор мекунад, - гуфт президент.
"Ба андешаи ман, дӯстӣ бо ҳамдигар хуб, аммо “дӯстӣ алайҳи каси дигар” бад аст. Ин суботро аз байн мебарад, ки мо ҳама дар бораи он суҳбат ва аз он муроқибат мекунем", - шарҳ дод Путин.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки вазъ аз рӯи сенарияи пешгӯинашаванда рушд нахоҳад кард ва боиси ташаннуҷи изофӣ дар минтақа нахоҳад шуд.
Путин дар посух ба суоле дар бораи Алексей Навалний гуфт, мақомоти Русия касеро ба ҳич далеле истисно намекунанд, аз ҷумла онҳоеро, ки қонунро вайрон кардаанд ва пушти фаъолиятҳои сиёсӣ пинҳон шудаанд.
"Шаҳрванде, ки Шумо зикр кардед, дар зиндон аст", - ба ёд овард ӯ.
Рӯзи дуюми феврал Додгоҳи Симоновскийи Маскав қарор кард, ки муддати ҳабси шартии Навалний дар парвандаи Ив Рочер қатъ ва ӯ барои 3,5 сол дар колонияи низоми умумӣ зиндонӣ шавад. Хадамоти федералии зиндонбонии Русия мегӯяд, вай борҳо шароити давраи озмоиширо нақз карда, пеш аз боздошташ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифт. Баъдан додгоҳи шаҳри Маскав ин қарорро таъйид кард. Ҳоло Навалний дар зиндон аст.