https://sputnik.tj/20211105/izhorot-tramp-khuruj-neruho-amriko-afghoniston-1043283456.html
Изҳороти ҷолиби Трамп дар бора хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон
Изҳороти ҷолиби Трамп дар бора хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори собиқи Амрико Доналд Трамп хуруҷи низомиён аз Афғонистонро таслим шудан арзёбӣ кард 05.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-05T14:50+0500
2021-11-05T14:50+0500
2021-11-10T15:06+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
афғонистон
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154289_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_13fdc792a957b962d8e1d3e05c1c7dd7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини ИМА дар як навори видеоӣ бори дигар аз маъмурияти нави Амрико танқид кард.Ӯ дар Аризона зимни суҳбат бо сокинон аз онҳо барои хомӯш наистодан дар қиболи ҳамаи қонуншиканию тақаллуб дар интихоботи президентии соли 2020 изҳори минатдорӣ кард.Трамп гуфт, "интихобот барои кишвари мо як рӯзи хеле аламовару нангин буд. Ҳоло ба сарҳад, иқтисод, таваррум бингаред. Тарк кардани низомиён аз Афғонистон хеле фоҷиабор буд. Ин ҳатто рафтан набуд, таслим шудан ба онҳое буд, ки ҳатто силоҳ надоштанд".Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод. Рӯзи 15-уми август нерӯҳои "Толибон"* вориди Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Баъдан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 август "Толибон"* эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон ба зудӣ муайян хоҳад шуд. Рӯзи 7 сентябр "Толибон"* рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон кард.*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211031/khalilzod-korhoi-amriko-afghoniston-tamom-nashudaast-1043191837.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1a/1032154289_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1e2923213a0f4aadf178cba02e5dafd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сиёсат , афғонистон, доналд трамп
дар ҷаҳон, сиёсат , афғонистон, доналд трамп
Изҳороти ҷолиби Трамп дар бора хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон
14:50 05.11.2021 (Навсозишуда: 15:06 10.11.2021) Кишвардори собиқи Амрико Доналд Трамп хуруҷи низомиён аз Афғонистонро таслим шудан арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини ИМА дар як навори видеоӣ бори дигар аз маъмурияти нави Амрико танқид кард.
Ӯ дар Аризона зимни суҳбат бо сокинон аз онҳо барои хомӯш наистодан дар қиболи ҳамаи қонуншиканию тақаллуб дар интихоботи президентии соли 2020 изҳори минатдорӣ кард.
Трамп гуфт, "интихобот барои кишвари мо як рӯзи хеле аламовару нангин буд. Ҳоло ба сарҳад, иқтисод, таваррум бингаред. Тарк кардани низомиён аз Афғонистон хеле фоҷиабор буд. Ин ҳатто рафтан набуд, таслим шудан ба онҳое буд, ки ҳатто силоҳ надоштанд".
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод.
Рӯзи 15-уми август нерӯҳои "Толибон"* вориди Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Баъдан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кардааст.
Субҳи 16 август "Толибон"* эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон ба зудӣ муайян хоҳад шуд. Рӯзи 7 сентябр "Толибон"* рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон кард.
*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия