UNICEF мехоҳад маоши муаллимони Афғонистонро бидуни дахолати “Толибон”* пардохт кунад

© REUTERS \ Zohra BensemraУченица 4-го класса начальной школы на уроке в школе в Кабуле, Афганистан
Ученица 4-го класса начальной школы на уроке в школе в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Обуна шудан
Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) мегӯяд, ки дар ҳоли барномарезӣ аст, то маоши муаллимони Афғонистонро ба сурати мустақим, бидуни дахолати мақомоти “Толибон”* бипардозанд
ДУШАНБЕ, 4 ноя. Sputnik. Ҷанет Веглар, раиси омӯзиши UNICEF барои Афғонистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, UNICEF дар ҳоли эҷоди низоме аст, ки имкони пардохти мустақим ба муаллимонро бидуни интиқоли вуҷуҳ аз тариқи мақомот (“Толибон”*) фароҳам мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ӯ, UNICEF ба фарогирии ҳамаи омӯзгорон дар мактабҳои Афғонистон шуруъ мекунад.
Мудири маорифи UNICEF дар Афғонистон гуфт: "Беҳтарин роҳи дастгирии таҳсили духтарон дар Афғонистон идомаи дастгирии мактабҳо ва муаллимон аст. UNICEF аз донорҳо даъват мекунад, ки кӯдакони афғонро ноумед насозанд".
Бино ба гузоришҳо, аз замони ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон ниҳодҳои давлатӣ, бахусус беҳдошт ва маориф дар ҳолати буҳронӣ қарор гирифтаанд.
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
“Толибон”*: Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад духтаронро дар макотиб бубинад, бояд моро ёрӣ кунад
Бисёре аз кумакҳои молии хориҷ аз кумакҳои башардӯстонаро қатъ карданд.
Кӯмаки башардӯстона танҳо бо ғизо ва либос маҳдуд аст ва кормандони хадамоти давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорон моҳҳо боз аз маош маҳрум гаштанд, хабар медиҳад "Reuters".
Аз сӯйи дигар миллиардҳо доллар маблағҳои Бонки марказии Афғонистон дар хориҷ низ мунҷамид шуд.
Дар ҳамин ҳол мактабҳо дар ҳудуди 30 вилояти кишвар барои духтарони аз синфи шашум боло бастаанд.
Як мақоми “Толибон” ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки ба зудӣ дар бораи бозгашти духтарон дар ба макотиб "хабари хуш" пахш хоҳанд кард.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0