https://sputnik.tj/20211103/vakolatdor-huquqi-inson-zahroludshavi-mahkumshudagon-mahbas-1043264472.html
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: Заҳролудшавии зиндониён дар маҳбас асоси воқеӣ надорад
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: Заҳролудшавии зиндониён дар маҳбас асоси воқеӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонқайд кардаааст, ки хабарҳо дар мавриди заҳролудшавии маҳкумшудагон аз оби ошомиданӣ дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1- и дуруғ аст
2021-11-03T20:40+0500
2021-11-03T20:40+0500
2021-11-03T20:40+0500
дар тоҷикистон
дохилшавӣ
об
маҳбусон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031956079_0:138:2975:1811_1920x0_80_0_0_d1c8beb5a97a516e89fb1cf6a76c1fcc.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Бо супориши ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вобаста ба маводи нашршуда дар расонаҳо дар хусуси заҳролудшавии маҳкумшудагон аз оби ошомиданӣ дар зиндони ЯС3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд, иттилоъ додааст хадамоти матбуотии ваколатдор.Тибқи иттилои манбаъ, сараввал вобаста хабарҳои нашршуда бо сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ, Вазорати адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Турсунов суҳбат гузаронида шуд.Сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1 иброз намудааст, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад.Инчунин ӯ ба мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон маълумотномаи Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро пешниҳод намудааст, ки дар он навишта шудааст, намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 пурра ҷавобгӯ мебошад.Гуфта мешавад, бо маҳкумшудагон вобаста ба маводи нашршуда суҳбат гузаронида шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, дар қисми тиббӣ ҳамагӣ 15 нафар бемор табобат мегиранд.Маҳбусон ба намояндагони ваколатдор гуфтанд, ки оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.“Маҳкумшудагон, ки ба сифати табиб дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, нишон дод, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафари аз об заҳролудшуда дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст. Инчунин онҳо иброз намуданд, миёни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангез паҳн менамоянд”, - гуфт манбаъ.Чанде пеш намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Омбудсмени тоҷик хоҳиш намуда буданд, ки ба қазияи 40 нафар зиндонии заҳролудшуда дар муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон расидагӣ кунад.Қаблан расонаҳо дар бораи заҳролуд шудани зиндониён дар яке аз муассисаи ислоҳӣ хабар дода буданд.
https://sputnik.tj/20210524/jalbi-mahbus-muhojiron-kumitai-taftishoti-jonibdori-1039700282.html
https://sputnik.tj/20211027/zahroludshavi-qirghiziston-bemoron-afzud-1043120355.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031956079_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_7e78fab0d72759d674ae019c1c2ba369.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, заҳролудшавӣ, маҳбус, муассисаи ислоҳӣ, дуруғ
тоҷикистон, заҳролудшавӣ, маҳбус, муассисаи ислоҳӣ, дуруғ
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: Заҳролудшавии зиндониён дар маҳбас асоси воқеӣ надорад
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтааст, хабарҳо дар мавриди заҳролудшавии зиндониён аз оби ошомиданӣ дар муассисаи ислоҳии ЯС3/1 дурӯғанд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Бо супориши ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вобаста ба маводи нашршуда дар расонаҳо дар хусуси заҳролудшавии маҳкумшудагон аз оби ошомиданӣ дар зиндони ЯС3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд, иттилоъ додааст хадамоти матбуотии ваколатдор.
Тибқи иттилои манбаъ, сараввал вобаста хабарҳои нашршуда бо сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ, Вазорати адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Турсунов суҳбат гузаронида шуд.
Сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1 иброз намудааст, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад.
Инчунин ӯ ба мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон маълумотномаи Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро пешниҳод намудааст, ки дар он навишта шудааст, намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 пурра ҷавобгӯ мебошад.
Гуфта мешавад, бо маҳкумшудагон вобаста ба маводи нашршуда суҳбат гузаронида шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар қисми тиббӣ ҳамагӣ 15 нафар бемор табобат мегиранд.
Маҳбусон ба намояндагони ваколатдор гуфтанд, ки оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.
“Маҳкумшудагон, ки ба сифати табиб дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, нишон дод, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафари аз об заҳролудшуда дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст. Инчунин онҳо иброз намуданд, миёни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангез паҳн менамоянд”, - гуфт манбаъ.
Чанде пеш намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Омбудсмени тоҷик хоҳиш намуда буданд, ки ба қазияи 40 нафар зиндонии заҳролудшуда дар муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон расидагӣ кунад.
Қаблан расонаҳо дар бораи заҳролуд шудани зиндониён дар яке аз муассисаи ислоҳӣ хабар дода буданд.