https://sputnik.tj/20211027/zahroludshavi-qirghiziston-bemoron-afzud-1043120355.html
Заҳролудшавии ҷамъӣ дар Қирғизистон: теъдоди беморон аз 200 нафар гузашт
Заҳролудшавии ҷамъӣ дар Қирғизистон: теъдоди беморон аз 200 нафар гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи муроҷиати оммавии мардум ба беморхонаҳо, рӯзҳои истироҳат маълум шудааст. То имрӯз теъдоди беморон аз 200 нафар гузашт
2021-10-27T14:45+0500
2021-10-27T14:45+0500
2021-10-27T16:44+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қирғизистон
тандурустӣ
заҳролудшавӣ
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102917/82/1029178227_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_ae15e8decbec7f109925d304d189d486.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Теъдоди шаҳрвандоне, ки бо заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористонҳои Қирғизистон муроҷиат кардаанд, ба 253 нафар расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон. Мардум на танҳо ба беморхонаҳои Бишкек, балки дар вилояти Чуй ҳам бинобар масмумият ба табибон муроҷиат мекунанд. Ҳамин тавр 60 нафар аз шаҳрвандон дар беморхонаҳо табобат мегиранд, ки 23 нафари онҳо дар Беморхонаи миллӣ, 19 кас дар беморхонаи роҳи оҳан ва 18 тани дигар беморхонаи шаҳрии ёрии таъҷилии клиникии бачагона бистариянд. Вазъи ҳамаи беморон муътадил арзёбӣ мешавад.Ёдрас менамоем, ки нахустин ҳолатҳои заҳролудшавӣ рӯзҳои 23-24 октябр ошкор шуд. Он замон 12 шаҳрванди Қирғизистон бо заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористон муроҷиат карданд. Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хабар дод, ки маризон дар чаҳор бахши қаҳвахонаи "Империя Пицца" дар Бишкек "суши" (ғизои маъмулии ҷопонӣ - шарҳ аз идора) истеъмол кардаанд. То субҳи 25-уми октябр теъдоди заҳролудшудагон ба 85 нафар расид. Бомдоди 26-уми октябр теъдоди онҳо ба 179 нафар расид, ки 18 нафарашон кӯдакон аст. Аз 25 октябр Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар бораи заҳролудшавӣ гузориш нашр мекунад, аммо макон ва сабаби заҳролудшавӣ мушаххас гуфта намешавад.Дар баёнияҳои матбуотӣ ибораи “заҳролудшавии оммавӣ дар Бишкек” истифода мешавад. Ҳамаи филиалҳои тарабхонаи "Империя Пицца" то анҷоми тафтишоти эпидемиологӣ баста ва дар Қирғизистон мораторияи санҷиши муассисаҳои истеҳсолу фурӯши маводи ғизоӣ лағв шудааст. Нисбати маъмурияти филиалҳои "Империя Пицца" дар бораи ҷарима ба маблағи 30,5 ҳазор сум панҷ протокол тартиб дода шудааст.
https://sputnik.tj/20211024/qahvakhona-bishkek-12-nafar-zahrolud-1043070054.html
https://sputnik.tj/20211008/zahroludshavi-muhojir-khostel-1042723814.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102917/82/1029178227_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_4beb2f56106be7d88ac271c34a060731.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, заҳролудшавӣ, тандурустӣ, беморхона
қирғизистон, заҳролудшавӣ, тандурустӣ, беморхона
Заҳролудшавии ҷамъӣ дар Қирғизистон: теъдоди беморон аз 200 нафар гузашт
14:45 27.10.2021 (Навсозишуда: 16:44 27.10.2021) Муроҷиати оммавии мардум ба беморхонаҳо дар рӯзҳои истироҳат расонаӣ шуд. То имрӯз теъдоди беморон аз 200 нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Теъдоди шаҳрвандоне, ки бо заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористонҳои Қирғизистон муроҷиат кардаанд, ба 253 нафар расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон.
Мардум на танҳо ба беморхонаҳои Бишкек, балки дар вилояти Чуй ҳам бинобар масмумият ба табибон муроҷиат мекунанд.
Ҳамин тавр 60 нафар аз шаҳрвандон дар беморхонаҳо табобат мегиранд, ки 23 нафари онҳо дар Беморхонаи миллӣ, 19 кас дар беморхонаи роҳи оҳан ва 18 тани дигар беморхонаи шаҳрии ёрии таъҷилии клиникии бачагона бистариянд. Вазъи ҳамаи беморон муътадил арзёбӣ мешавад.
Ёдрас менамоем, ки нахустин ҳолатҳои заҳролудшавӣ рӯзҳои 23-24 октябр ошкор шуд. Он замон 12 шаҳрванди Қирғизистон бо заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористон муроҷиат карданд.
Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хабар дод, ки маризон дар чаҳор бахши қаҳвахонаи "Империя Пицца" дар Бишкек "суши" (ғизои маъмулии ҷопонӣ - шарҳ аз идора) истеъмол кардаанд.
То субҳи 25-уми октябр теъдоди заҳролудшудагон ба 85 нафар расид.
Бомдоди 26-уми октябр теъдоди онҳо ба 179 нафар расид, ки 18 нафарашон кӯдакон аст.
Аз 25 октябр Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар бораи заҳролудшавӣ гузориш нашр мекунад, аммо макон ва сабаби заҳролудшавӣ мушаххас гуфта намешавад.
Дар баёнияҳои матбуотӣ ибораи “заҳролудшавии оммавӣ дар Бишкек” истифода мешавад.
Ҳамаи филиалҳои тарабхонаи "Империя Пицца" то анҷоми тафтишоти эпидемиологӣ баста ва дар Қирғизистон мораторияи санҷиши муассисаҳои истеҳсолу фурӯши маводи ғизоӣ лағв шудааст.
Нисбати маъмурияти филиалҳои "Империя Пицца" дар бораи ҷарима ба маблағи 30,5 ҳазор сум панҷ протокол тартиб дода шудааст.