Суғд хостори тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ шуд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиАхмадзода встретился с представителями ВБ
Ахмадзода встретился с представителями ВБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дар бораи татбиқи лоиҳаҳои нави ин ниҳоди байналмилалии молӣ мубодилаи афкор намуда, ба нақши Бонки Ҷаҳонӣ дар рушди иқтисод баҳои баланд доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот таъкид кард, ки дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд аст ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳаи "Тиҷоратикунонии хоҷагии қишлоқ", ки тӯли чанд соли ахир бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст, барои кишоварзон манфиатовар аст.
Тибқи иттилои манбаъ, бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ лоиҳаи нав амалӣ гардида, дар доираи он хоҷагиҳои тухмипарварӣ дастгирӣ карда мешаванд. Тибқи пешбиниҳо тавассути ин лоиҳа навъҳои нави тухмии картошкаву гандум ва ниҳолу дарахтони мевадиҳандаи суперинтенсивӣ ворид карда шуда, бо ин васила таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ниҳол ва тухмиҳои аълосифат ба роҳ монда хоҳад шуд.
Встреча Раджаббоя Ахмадзода с послом Германии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Олмон ҳамкориҳояшро бо Суғд тақвият мебахшад
Ҳамзамон барои масъулони хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ ташкили дарсҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шуда, кишоварзон технологияи парваришу обёрӣ ва дигар таҷрибаҳои замони муосирро аз худ мекунанд.
Аҳмадзода намояндагон Бонки Ҷаҳониро барои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки бо ташкили обанборҳои нав дар ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон метавон ҳазорҳо гектар заминро шодоб намуда, бунёди боғҳои нав ва кишти зироати гуногунро ба роҳ монд.
Гуфта мешавад, тарафҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ ва барои татбиқи мувафаққонаи лоиҳаи нав омодагии хешро иброз доштанд.
Лентаи хабарҳо
0