https://sputnik.tj/20211030/olmon-hamkori-sugd-taqviyat-1043185612.html
Олмон ҳамкориҳояшро бо Суғд тақвият мебахшад
Олмон ҳамкориҳояшро бо Суғд тақвият мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд бо сафири Олмон дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
2021-10-30T19:10+0500
2021-10-30T19:10+0500
2021-11-01T13:32+0500
дар тоҷикистон
суғд
олмон
ҳамкорӣ
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043185585_0:6:1245:706_1920x0_80_0_0_7e485ee82e69ed109c2b46305a1de3ec.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Андреас Протманн, сафири Олмон дар Тоҷикистон дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо дар бораи вазъи кунунии муносибатҳои дӯстона мубодилаи афкор ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро хуб арзёбӣ карда, гуфтааст, вилояти Суғд омодаи таҳкими муносибатҳо бо шарикони рушд аст.Ҳамзамон ин мақоми вилояти Суғд илова кардааст, ки дар доираи созишномаҳои дуҷониба дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода хоҳад шуд.Дар навбати худ сафири Олмон дар Тоҷикистон дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо андешаҳои худро баён кардааст.Манбаъ қайд кардааст, ки сафири Олмон дар Тоҷикистон дар зимни сафари худ бо ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) дар корхонаҳои "Ҳабиб 17"-и шаҳри Конибодом, "Баракати Исфара " ва "Исфара фуд" шинос мегардад.
https://sputnik.tj/20210910/olmon-tojikiston-besh-vaksina-khayr-1042187637.html
суғд
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043185585_13:0:1052:779_1920x0_80_0_0_512f0f6eae19198765d1a8f70e7f29d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, олмон, ҳамкорӣ, тақвият
тоҷикистон, суғд, олмон, ҳамкорӣ, тақвият
Олмон ҳамкориҳояшро бо Суғд тақвият мебахшад
19:10 30.10.2021 (Навсозишуда: 13:32 01.11.2021) Раиси вилояти Суғд бо сафири Олмон дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Андреас Протманн, сафири Олмон дар Тоҷикистон дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо дар бораи вазъи кунунии муносибатҳои дӯстона мубодилаи афкор ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро хуб арзёбӣ карда, гуфтааст, вилояти Суғд омодаи таҳкими муносибатҳо бо шарикони рушд аст.
Ҳамзамон ин мақоми вилояти Суғд илова кардааст, ки дар доираи созишномаҳои дуҷониба дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода хоҳад шуд.
Дар навбати худ сафири Олмон дар Тоҷикистон дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо андешаҳои худро баён кардааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки сафири Олмон дар Тоҷикистон дар зимни сафари худ бо ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) дар корхонаҳои "Ҳабиб 17"-и шаҳри Конибодом, "Баракати Исфара " ва "Исфара фуд" шинос мегардад.