Раҳмон гуфт, чаро интиқоли барқ ба ҳамсояҳоро дар тобистони гузашта муваққатан қатъ кард

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи хатароти аслии тағйири иқлим дар рӯи Замин изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Талабот ба захираҳои обу нерӯи барқ ​​бинобар тағирёбии иқлим меафзояд. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сатҳи баланди обу иқлим дар Глазго изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гашта истодаанд. Вобаста ба ин ҳоло дар минтақа талабот ба нерӯи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат гуфт, Тоҷикистон ба пуштибонии Эътилофи обу иқлим дар ҳимоят ва ҳифзи пиряхҳо умедвор аст.
Ледник Федченко на Памире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
СММ: То миёнаи аср Осиё 40 дарсади пиряхҳояшро аз даст медиҳад
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, даври гидрологӣ низ тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад.
Дар чунин вазъият иқтидори мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд.

"Чунончи, тобистони соли гузашта Тоҷикистон маҷбур шуд, ки содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ намояд", - афзуд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамзамон ба гуфтаи президент, зимистони бармаҳал, сард ва тӯлонии соли равон кишварро бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ сохта, бар замми ин хушксолии шадид дар баъзе кишварҳои минтақа боиси талафи зироатҳои кишоварзӣ ва саршумори зиёди чорво гардид.
Новости Таджикистана сегодня - 03.03.2021 / ахбори точикистон - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Раҳмон дар бораи таҳдиди обшавии пиряхҳои Помир: навор
Ӯ ёдовар шуд, ки қаблан дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва ҳамчунин барои ҳифзи онҳо тадбирҳои зарурӣ таҳия шавад.
Яке аз онҳо таъсиси фонди махсуси байналмилалӣ буда метавонад, афзуд раисҷумҳур.
"Тоҷикистон ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун фаъолона пеш мебарад ва мо умедворем, ки онҳо низ аз ҷониби Эътилофи об ва иқлим дастгирӣ хоҳанд ёфт", таъкид кард Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, тағирёбии иқлим ба зиндагии мардум таъсири ҷиддӣ мерасонад ва аз тариқи захираҳои об ба иқтисодиёт низ таъсир мерасад.
Ледник Федченко на Памире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ ҷудо шуд
Илова бар ин, Раҳмон аз хатари обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор дод.
"Пряхҳои мо зуд об мешаванд. То имрӯз аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон беш аз ҳазораш комилан об шудааст", - шарҳ дод сарвари давлат.
Вазъият ногузир бадтар мешавад. Раҳмон қайд кард, ки дар тӯли даҳ сол ҳаҷми умумии пиряхҳо дар ҷумҳурӣ, ки беш аз 60 дарсади захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, қариб сеяк кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0