https://sputnik.tj/20210203/omzishi-piryakho-Tajikistan-somoni--1032755050.html
Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ ҷудо шуд
Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ ҷудо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Барои татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2030 маҷмӯан 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T18:50+0500
2021-02-03T18:50+0500
2021-04-19T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
пирях
пиряхи федченко
пул
омӯзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/06/1015710629_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_052a4332e2aa5fa73014a154c90f149e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ахиран зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар доираи ин барнома соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки айни замон пурра фаъолият мекунад.Вай афзуд, ки айни замон ҳисоби дақиқи пиряхҳо сурат мегирад ва ҳолати онҳо омӯхта мешавад. Солҳои 2019 ва 2020 бо ин мақсад зиёда аз 20 экспедитсия ташкил карда шуд.Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои татбиқи лоиҳаи омӯзиши пиряхҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 миллион доллар грант ҷудо мекунад. Гранти мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи миллӣ оид ба мудирияти хатари офатҳои табиӣ ҷудо карда мешавад.Ҳамин ки пиряхҳо дар ҷумҳурӣ муҳосиба ва ҳолати онҳо омӯхта шуд, Маркази илмии пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон 12 ҷилд феҳрасти пиряхҳои Тоҷикистонро нашр мекунад.Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8 дарсади масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.Қайд карда шудааст, ки тибқи маълумоти охирин, аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз ҳазор пирях нобуд шудаанд.
https://sputnik.tj/20200809/Obshavi-piryakh-va-faromadan-sel-hushdor-Ozhons-havoshinosi-az-garmi-toqatfarso-1031703341.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101571/06/1015710629_196:0:2803:1955_1920x0_80_0_0_c80d9c0cff40826f9a2e1a9b46e22706.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, пирях, пиряхи федченко, пул, омӯзиш
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, пирях, пиряхи федченко, пул, омӯзиш
Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ ҷудо шуд
18:50 03.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Барои татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2030 маҷмӯан 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ахиран зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар доираи ин барнома соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки айни замон пурра фаъолият мекунад.
“Мутахассисони марказ якчанд чорабиниҳоро, аз ҷумла омӯзиши пиряхи Федченко ва дигар пиряхҳои калонтарини кишварро ба нақша гирифтаанд”, - гуфт Шерализода.
Вай афзуд, ки айни замон ҳисоби дақиқи пиряхҳо сурат мегирад ва ҳолати онҳо омӯхта мешавад. Солҳои 2019 ва 2020 бо ин мақсад зиёда аз 20 экспедитсия ташкил карда шуд.
Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои татбиқи лоиҳаи омӯзиши пиряхҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 миллион доллар грант ҷудо мекунад. Гранти мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи миллӣ оид ба мудирияти хатари офатҳои табиӣ ҷудо карда мешавад.
Ҳамин ки пиряхҳо дар ҷумҳурӣ муҳосиба ва ҳолати онҳо омӯхта шуд, Маркази илмии пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон 12 ҷилд феҳрасти пиряхҳои Тоҷикистонро нашр мекунад.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8 дарсади масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Қайд карда шудааст, ки тибқи маълумоти охирин, аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз ҳазор пирях нобуд шудаанд.