Коршинос заминаи "даъво"-и Байден алайҳи Путинро гуфт

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар ҳошияи нишасти сарони тағйири иқлим раисҷумҳурҳои Русия ва Чинро барои "иштирок накардан" дар он маломат кард.
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар суҳбат бо радиои Sputnik номзади илмҳои сиёсӣ Александр Шатилов ин мавзуъро тасреҳ кард.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар нишасти сарони тағйири иқлим дар Глазго гуфт, раҳбарони Русия ва Чин дар нишасти G20 дар Рум ширкат накарданд ва ба ин тартиб иштибоҳ намудаанд.
Ба гуфтаи Байден, дар бораи он ки Владимир Путин барои ҳалли мушкилоти иқлим чӣ кор хоҳад кард, иттилое дар даст нест ва Чин дар баробари иддаои нақши раҳбарии ҷаҳон дар ин гуна ҳамоишҳо умуман ширкат намекунад.
"Путин дар Русия ҳамин ҳолро дорад. Тундраи ӯ месӯзад. Ӯ мушкили ҷиддии иқлимӣ дорад, аммо ба ҷои ин ки бихоҳад, то коре кунад, хомӯш аст”, - навиштааст РИА “Новости”.
Як рӯз пеш Владимир Путин ба ширкаткунандагони нишасти иқлимӣ паёми видеоӣ ирсол кард. Президент тавзеҳ дод, ки дар Русия барои ҳифзи ҷангал чӣ иқдомоте рӯи даст гирифта шудааст.
Дар суҳбат бо радиои Sputnik декани факултаи илмҳои иҷтимоӣ ва иртибототи ҷамъии Донишгоҳи молии вобаста ба Ҳукамати Федератсияи Русия, номзади илмҳои сиёсӣ Александр Шатилов изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, заминаи изҳорот мушаххас аст: манзур аз даъво алайҳи Русия ва Чин барои бетаваҷҷуҳии онҳо ба масъалаҳои иқлим хадшадор кардани обрӯи ин ду кишвар дар ҷомеаи Ғарб, ки ҳоло бо идеяи экология ва энергияи сабз маъмул аст, мебошад.
“Аммо. Бояд бигӯям, ки рӯзномаи нишасти Глазго умуман марбути мо нест. Мо мушкилоти бештаре аз як дараҷа боло ё поин бурдани ҳарорат дорем. Илова бар ин саммит бояд Русияро аз назари он ки ҷойгоҳи болое ба унвони қудрати энержӣ дорад, мавриди интиқоди шадид қарор медод. Ғарб барномаи гузариш ба энержии сабзро ноком кард, дар бозори энержӣ мушкилоти нарху арза ба вуҷуд омад. Аммо инҳо мушкилоти мо нестанд”, - афзуд ин коршинос.
Лентаи хабарҳо
0