https://sputnik.tj/20211102/rusiya-peshnihod-muhojiron-1043240000.html
Пешниҳоди даст кашидан аз хадамоти муҳоҷирони корӣ дар Русия
Пешниҳоди даст кашидан аз хадамоти муҳоҷирони корӣ дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Хориҷиёнро на танҳо дар сохтмонҳо, балки дар соҳаи кишоварзӣ, логистика ва дигар соҳаҳои кишвар иваз кардан мумкин аст.
2021-11-02T16:30+0500
2021-11-02T16:30+0500
2021-11-02T17:41+0500
муҳоҷират
пешниҳод
сохтмон
сергей миронов
кор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966330_0:0:3081:1734_1920x0_80_0_0_988351538583fc0c11070f0a00a193c3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Аз истифодаи муҳоҷирини корӣ дар сохтмонҳо на танҳо дар Маскав, балки дар саросари Федератсияи Русия бояд даст кашид. Дар ин бора ба РИА "Новости" бо истинод ба хадамоти матбуотии раҳбари Ҳизби "Русияи одил барои ҳақиқат" Сергей Миронов хабар дод.Дар пойтахт дарк кардаанд, ки бо истифода аз технологияи муосир ва боло бурдани маош дар сохтмонҳо бидуни хориҷиён кор кардан мумкин аст, гуфтааст сиёсатмадор.Ба гуфтаи ӯ, дар дигар бахшҳо низ чунин тадбирҳо андешида шаванд.Ёдовар мешавем, ки қаблан идеяи даст кашидан аз хидматрасонии муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав аз ҷониби муовини сохтмонии раиси шаҳри Маскав Андрей Бочкарев изҳор шуда буд.Коршиносон ин пешниҳодро номумкин арзёбӣ карданд. Иқтисоддон Алексей Коренев таъкид мекунад, ки ин ташаббус сармоягузориҳои ҷиддии молиро талаб мекунад. Илова бар ин барои русҳо ба кори сангини ҷисмонӣ машғул шудан осон нест.Иқтисоддон таъкид кард, ки даст кашидан аз кори муҳоҷирон ба изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки ба ҷонибдорӣ аз зарурати таҳияи барномаҳои ассимилятсияи шаҳрвандони хориҷӣ садо дода буд, мухолиф аст.Дар навбати худ коршиноси умури муҳоҷират Дмитрий Исповедников қайд кард, ки чунин тадбирҳо метавонанд муносибати манфиро нисбати коргарони хориҷӣ коҳиш диҳанд.Дар баробари ин хидмати шаҳрвандони кишварҳои дигар дар Федератсияи Русия аҳамияти худро идома медиҳад, гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20211102/kharj-pul-korshinoson-maskav-muhojir-1043226831.html
https://sputnik.tj/20211101/binokoron-tojik-maskav-kambud-muhojir-1043201077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966330_352:0:3081:2047_1920x0_80_0_0_78a25e621976d5b43c911127540d5b33.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия пешниҳод муҳоҷирон
Пешниҳоди даст кашидан аз хадамоти муҳоҷирони корӣ дар Русия
16:30 02.11.2021 (Навсозишуда: 17:41 02.11.2021) Хориҷиёнро на танҳо дар сохтмонҳо, балки дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва дигар соҳаҳои кишвар иваз кардан мумкин аст.
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Аз истифодаи муҳоҷирини корӣ дар сохтмонҳо на танҳо дар Маскав, балки дар саросари Федератсияи Русия бояд даст кашид. Дар ин бора ба РИА "Новости" бо истинод ба хадамоти матбуотии раҳбари Ҳизби "Русияи одил барои ҳақиқат" Сергей Миронов хабар дод.
Дар пойтахт дарк кардаанд, ки бо истифода аз технологияи муосир ва боло бурдани маош дар сохтмонҳо бидуни хориҷиён кор кардан мумкин аст, гуфтааст сиёсатмадор.
Ба гуфтаи ӯ, дар дигар бахшҳо низ чунин тадбирҳо андешида шаванд.
"Мо пешниҳод менамоем, ки дар ҳама минтақаҳо ва соҳаҳо: кишоварзӣ, савдои чакана, ҳамлу нақл ва ғайра низ ҳамин шева амалӣ карда шавад. Ин аксиома аст: ҳар қадар зудтар маош зиёд шавад, саноат ҳамон қадар бештар рушд мекунад", - таъкид кард Миронов.
Ёдовар мешавем, ки қаблан идеяи даст кашидан аз хидматрасонии муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав аз ҷониби муовини сохтмонии раиси шаҳри Маскав Андрей Бочкарев изҳор шуда буд.
Коршиносон ин пешниҳодро номумкин арзёбӣ карданд. Иқтисоддон Алексей Коренев таъкид мекунад, ки ин ташаббус сармоягузориҳои ҷиддии молиро талаб мекунад. Илова бар ин барои русҳо ба кори сангини ҷисмонӣ машғул шудан осон нест.
Иқтисоддон таъкид кард, ки даст кашидан аз кори муҳоҷирон ба изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки ба ҷонибдорӣ аз зарурати таҳияи барномаҳои ассимилятсияи шаҳрвандони хориҷӣ садо дода буд, мухолиф аст.
Дар навбати худ коршиноси умури муҳоҷират Дмитрий Исповедников қайд кард, ки чунин тадбирҳо метавонанд муносибати манфиро нисбати коргарони хориҷӣ коҳиш диҳанд.
Дар баробари ин хидмати шаҳрвандони кишварҳои дигар дар Федератсияи Русия аҳамияти худро идома медиҳад, гуфт ӯ.