Ҳалокати ду пиёдагард дар ду садамаи маргбор: шарҳи ВУД-и Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе
Скорая помощь в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сар задани ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон хабар додааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, садамаи нахуст санаи 30-юми октябри соли равон дар шоҳроҳи Хуҷанд - Масчоҳ рух додааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки ронандаи мошини “Опел-Зефира”, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонии ноҳияи Зафарабод ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хуҷанд - Масчоҳ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, 13-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Мотам дар оилаи Исмоиловҳо: ВКД ҷузъиёти садамаи маргбор дар Хатлонро шарҳ дод
Боз як садамаи маргбор, ба иттилои манбаъ, санаи 31-уми октябри соли равон дар шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи мошини “Опел-Астра”, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 47-сола, сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
“Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар ҳоли таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0