Мотам дар оилаи Исмоиловҳо: ВКД ҷузъиёти садамаи маргбор дар Хатлонро шарҳ дод

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Бохтар - Данғараро, ки чор кушта бар ҷой гузошт, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ба гузориши ВКД, ин садамаи мудҳиш рӯзи 25-уми октябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:30 рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Аҳмад Исмоилови 73-cолаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Левакант ба хатти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Рустам Раҷабови 27-сола, сокини ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” А. Исмоилов ва мусофиронаш: Исмоилов Маҳмадшариф Аҳмадович, Нуралиев Саъдулло Мастонқулович, ки ҳамагӣ 31-солӣ дошта, сокинони шаҳри Кӯлоб будаанд, фавтидаанд.
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Садамаи маргбор дар роҳи “Мастчоҳ - Хуҷанд”: ронандаву мусофир фавтиданд
Ҳамзамон мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Рамазон Бобоҷонови 27-сола, сокини Кӯшониён низ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Р. Раҷабов ва мусофиронаш: Арзиева Адолати 63-сола, Алимардонова Улхунойи 61-сола, сокинони ноҳияи Данғара ва Раҷабалиев Бобоҷони 25-сола сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВУД мегӯяд, таҳқиқ қазия идома дорад.
Ёдовар мешавем, қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ гуфта буд, ки имдодгарони вилояти Хатлон расо пас аз 13 дақиқаи сар задани садама ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади мусофиронро аз дохили мошин бароварда, ба мақомоти дахлдор супориданд.
Лентаи хабарҳо
0