https://sputnik.tj/20211008/sughd-qimmat-benzin-suzishvorii-dizeli-baland--1042716084.html
Дар Суғд қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дубора афзоиш ёфт
Дар Суғд қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дубора афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар шаҳру навоҳии Суғд аз 20 то 40 дирам баланд шудааст
2021-10-08T12:03+0500
2021-10-08T12:03+0500
2021-10-08T14:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
гарон
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577397_0:0:3430:1930_1920x0_80_0_0_7b28f23a5ce5a2c01081956119dcd85d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт – Sputnik. Бино ба нархномаи нав, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд тартиб намудаанд, қимати бензини навъи АИ 92 10, 4 сомонӣ ва АИ 95 ба 11 сомонӣ дакка хӯрдааст. Нархи сӯзишвории дизелӣ ҳам то ба 9, 5 сомонӣ боло рафтааст. Дар ин миён арзиши гази моеъ 7, 5 сомонӣ, бетағйир боқӣ мондааст. Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон, ду ҳафта қабл нархи сӯзишвории дизелӣ 9, 3 сомонӣ ва бензини АИ 92 10 сомонӣ ва АИ 95 10, 8 сомонӣ рақам зада мешуд. Масъулони ширкати таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) сабаби тағйирёбии нархро ба воридоти он нисбат дода мегӯянд, ки дафъаҳои охир арзиши ҳаҷми яклухти бензин ва сӯзишвории дизелӣ бештар шудааст. Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои мусофирбар мегӯянд, болоравии нархи маводи сӯхт ба ҷайби онҳо зарбаи ҷиддии иқтисодӣ мезанад. Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ 3 то 4 сомонӣ ё 50-55% аст. Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4, 5 сомонӣ ва бензин ва сӯзишвории дизелӣ 7 сомонӣ буд. Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷ, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад. Бино ба иттилои идораи гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ, 180 ҳазор тонна бензин ва бештар аз 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, болоравии қимати сӯзишворӣ ба афзоиши арзиши тамоми хидматрасониҳо ва маводи ғизоӣ дар бозор боис хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210831/tasir-narh-suzishvori-sughd-rohkiro-baland--1041974761.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577397_356:0:3087:2048_1920x0_80_0_0_09f109c30c207d6ea8167d87a8256ce5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд қимат бензин сӯзишворӣ баланд
суғд қимат бензин сӯзишворӣ баланд
Дар Суғд қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дубора афзоиш ёфт
12:03 08.10.2021 (Навсозишуда: 14:01 08.10.2021) Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар шаҳру навоҳии Суғд аз 20 то 40 дирам баланд шудааст
ДУШАНБЕ, 8 окт – Sputnik. Бино ба нархномаи нав, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд тартиб намудаанд, қимати бензини навъи АИ 92 10, 4 сомонӣ ва АИ 95 ба 11 сомонӣ дакка хӯрдааст.
Нархи сӯзишвории дизелӣ ҳам то ба 9, 5 сомонӣ боло рафтааст. Дар ин миён арзиши гази моеъ 7, 5 сомонӣ, бетағйир боқӣ мондааст.
Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон, ду ҳафта қабл нархи сӯзишвории дизелӣ 9, 3 сомонӣ ва бензини АИ 92 10 сомонӣ ва АИ 95 10, 8 сомонӣ рақам зада мешуд.
Масъулони ширкати таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) сабаби тағйирёбии нархро ба воридоти он нисбат дода мегӯянд, ки дафъаҳои охир арзиши ҳаҷми яклухти бензин ва сӯзишвории дизелӣ бештар шудааст.
Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои мусофирбар мегӯянд, болоравии нархи маводи сӯхт ба ҷайби онҳо зарбаи ҷиддии иқтисодӣ мезанад.
Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ 3 то 4 сомонӣ ё 50-55% аст.
Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4, 5 сомонӣ ва бензин ва сӯзишвории дизелӣ 7 сомонӣ буд. Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷ, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Бино ба иттилои идораи гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ, 180 ҳазор тонна бензин ва бештар аз 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, болоравии қимати сӯзишворӣ ба афзоиши арзиши тамоми хидматрасониҳо ва маводи ғизоӣ дар бозор боис хоҳад шуд.