https://sputnik.tj/20211031/rohandozi-barnoma-elektroni-javonon-bekoru-bekasb-tojikiston-1043187556.html
Роҳандозии барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекору бекасб дар Тоҷикистон
Роҳандозии барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекору бекасб дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекор ва бекасб тарроҳӣ шудаааст
2021-10-31T09:40+0500
2021-10-31T09:40+0500
2021-11-01T13:42+0500
дар тоҷикистон
вазорати меҳнат
бекорӣ
ҷавонон
роҳандозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/14/1032312313_0:0:3029:1705_1920x0_80_0_0_9bd7f7bac0759e6dfecd3a30e0d8e01d.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бо мақсад роҳандозии барномаи электронии бақайдгирии ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ахиран дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии вазорат.Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз таҳияи барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекору бекасб муайян, мушаххас намудани онҳо ва дар ин замина ба касбомӯзию ба ҷойи кори мувофиқ таъмин кардани насли ҷавони кишвар мебошад.Тибқи иттилои манбаъ, зимни ҷаласа барномаи электронӣ бо рӯнамо ба ҳозирин пешниҳод шуда, тарзу усули роҳандозии давраи пилотии он баррасӣ шуд.“Инчунин муҳлати иҷрои он мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои такмили низоми бақайдгирии барномаи мазкур ба масъулин супоришҳо манзур карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.Манбаъ қайд кардааст, ки то 30 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини вазорат ва кумита марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекору бекасб ба роҳ монда шуда, сабти номи шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шуруъ гардид.
https://sputnik.tj/20210426/rahmon-koronavirus-oqibat-bekor-qurb-1039049156.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/14/1032312313_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_885e5803e8924a753e014febbdfcb1ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати меҳнат, роҳандозӣ, барнома, ҷавонон бекор, бекасб
тоҷикистон, вазорати меҳнат, роҳандозӣ, барнома, ҷавонон бекор, бекасб
Роҳандозии барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекору бекасб дар Тоҷикистон
09:40 31.10.2021 (Навсозишуда: 13:42 01.11.2021) Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекор ва бекасб тарроҳӣ шудаааст
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бо мақсад роҳандозии барномаи электронии бақайдгирии ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ахиран дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз таҳияи барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекору бекасб муайян, мушаххас намудани онҳо ва дар ин замина ба касбомӯзию ба ҷойи кори мувофиқ таъмин кардани насли ҷавони кишвар мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни ҷаласа барномаи электронӣ бо рӯнамо ба ҳозирин пешниҳод шуда, тарзу усули роҳандозии давраи пилотии он баррасӣ шуд.
“Инчунин муҳлати иҷрои он мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои такмили низоми бақайдгирии барномаи мазкур ба масъулин супоришҳо манзур карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки то 30 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини вазорат ва кумита марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекору бекасб ба роҳ монда шуда, сабти номи шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шуруъ гардид.