https://sputnik.tj/20210426/rahmon-koronavirus-oqibat-bekor-qurb-1039049156.html
Раҳмон гуфт, коронавирус несту оқибатҳояш ҳаст: Ӯ аз бекорӣ, нархҳо ва қурб зикр кард
Раҳмон гуфт, коронавирус несту оқибатҳояш ҳаст: Ӯ аз бекорӣ, нархҳо ва қурб зикр кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Тоҷикистон аз аввали имсол коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо оқибатҳои манфии он – аз қабили болоравии нархҳо, бекорӣ ва коҳиши қурби пули миллӣ ҷой доранд
2021-04-26T16:18+0500
2021-04-26T16:18+0500
2021-08-10T17:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673217_0:0:2751:1547_1920x0_80_0_0_991c30e6735a7adb76d73db56debee3e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки сарони кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” – ро баррасӣ кард. Пайомадҳои буҳрони коронавирус аз мавзӯи меҳварии иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором буд, ки тариқи маҷозӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои минтақа баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, ки ибтидо аз аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст, аммо иқтисоди ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемия қарор дорад. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, дар соли 2020, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, афзоиши ниҳоии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар қиёс ба соли 2019 се фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи таваррум дар ин давра аз 7,9 фоизи соли 2019 ба 9,4 фоиз расид. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи КОВИД-19 эмин монда бошад. Ҳамзамон бо ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад, афзуд Раҳмон. Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз корҳое, гуфт, ки Ҳукумат дар замони пандемия дар самти дастгирии иҷтимоию иқтисодӣ анҷом додааст. Ба гуфтаи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба соҳибкорон ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ роҳандозӣ шуда, дар давраи пандемия, зиёда аз 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил шудааст. Ӯ инчунин аз афзоиши нафақаю маош зикр намуда, иттилоъ дод, ки соли гузашта барои соҳаи иҷтимоӣ 48 фоизи қисми хароҷоти буҷет ҷудо гардид.Дар охири суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором даъват намудааст, ки ҳамкорӣ барои муқовимат ба таҳдиду буҳронҳои эҳтимолии оянда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба “иқтисоди сабз” - ро тақвият бахшанд. “Дар ин давраи ҳассосу мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ҳамоҳангшуда ва дастгирии ҳамдигар басо муҳимму зарур мебошад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20210424/zodai-tojikiston-koronavirus-hinduston-1039011896.html
https://sputnik.tj/20210422/qirghiziston-chor-navi-navi-koronaivrus-oshkor-shud-1038963209.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673217_101:0:2538:1828_1920x0_80_0_0_1395f359eca98f36cd9bc47affbbab82.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус, беморӣ, қурб
коронавирус, беморӣ, қурб
Раҳмон гуфт, коронавирус несту оқибатҳояш ҳаст: Ӯ аз бекорӣ, нархҳо ва қурб зикр кард
16:18 26.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Тоҷикистон аз аввали имсол коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо оқибатҳои манфии он – аз қабили болоравии нархҳо, бекорӣ ва коҳиши қурби пули миллӣ ҷой доранд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки сарони кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” – ро баррасӣ кард.
Пайомадҳои буҳрони коронавирус аз мавзӯи меҳварии иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором буд, ки тариқи маҷозӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои минтақа баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, ки ибтидо аз аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст, аммо иқтисоди ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемия қарор дорад.
"Нархи хӯрокворӣ низ дар кишвари мо, ба мисли тамоюли болоравии нархи маводи хӯрокӣ дар саросари ҷаҳон, 13 фоиз боло рафт. Нархҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфанд", - изҳор дошт раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, дар соли 2020, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, афзоиши ниҳоии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар қиёс ба соли 2019 се фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи таваррум дар ин давра аз 7,9 фоизи соли 2019 ба 9,4 фоиз расид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи КОВИД-19 эмин монда бошад. Ҳамзамон бо ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад, афзуд Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз корҳое, гуфт, ки Ҳукумат дар замони пандемия дар самти дастгирии иҷтимоию иқтисодӣ анҷом додааст.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба соҳибкорон ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ роҳандозӣ шуда, дар давраи пандемия, зиёда аз 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил шудааст. Ӯ инчунин аз афзоиши нафақаю маош зикр намуда, иттилоъ дод, ки соли гузашта барои соҳаи иҷтимоӣ 48 фоизи қисми хароҷоти буҷет ҷудо гардид.
Дар охири суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором даъват намудааст, ки ҳамкорӣ барои муқовимат ба таҳдиду буҳронҳои эҳтимолии оянда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба “иқтисоди сабз” - ро тақвият бахшанд.
“Дар ин давраи ҳассосу мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ҳамоҳангшуда ва дастгирии ҳамдигар басо муҳимму зарур мебошад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.