https://sputnik.tj/20211030/vukh-turkmaniston-tolibon-afghoniston-1043184376.html
ВУХ Туркманистон барои мулоқот бо "Толибон"* ба Афғонистон рафт
ВУХ Туркманистон барои мулоқот бо "Толибон"* ба Афғонистон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар Кобул бо "Толибон"* машварат ва бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот мекунад 30.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-30T18:01+0500
2021-10-30T18:01+0500
2021-12-22T19:46+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
туркманистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/36/1028613676_0:154:3063:1877_1920x0_80_0_0_dda640bdf97b774396a624e539385e01.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов барои машварат бо "Толибон"* ба Афғонистон парвоз кард, хабар медиҳад агентии "Bakhtar". Дар фурудгоҳи Кобул вазирро сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Билол Каримӣ, сухангӯи Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар саҳифаи "Twitter"-и худ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир музокирот миёни раҳбарони вазоратҳои хориҷаи ду кишвар идома дорад. Ёдовар мешавем, 27 октябр Рашид Мередов аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда буд, ки дар барқарорсозии иқтисоди Афғонистон мусоидат кунанд. Вай ҳамчунин аз омодагии Туркманистон барои мусоидат дар иҷрои тарҳҳои минтақаӣ бо ширкати ин кишвар изҳори назар кард. 26 октябр Муҳаммад Исо Охунд, вазири истихроҷи маъдан ва нафти ҳукумати муваққати Афғонистон Хоҷа Овезов, сафири Туркманистонро ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодиро баррасӣ кард. * -гурӯҳи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211016/toshkand-tolibon-rohi--tirmiz-peshovar-muvofiqa-1042914947.html
афғонистон
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/36/1028613676_178:0:2885:2030_1920x0_80_0_0_b02d0161ba0721e68d667a4c73fc6152.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркманистон, афғонистон, сиёсат
туркманистон, афғонистон, сиёсат
ВУХ Туркманистон барои мулоқот бо "Толибон"* ба Афғонистон рафт
18:01 30.10.2021 (Навсозишуда: 19:46 22.12.2021) Вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар Кобул бо "Толибон"* машварат ва бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов барои машварат бо "Толибон"* ба Афғонистон парвоз кард, хабар медиҳад агентии "
Bakhtar".
Дар фурудгоҳи Кобул вазирро сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Билол Каримӣ, сухангӯи Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар саҳифаи "Twitter"-и худ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир музокирот миёни раҳбарони вазоратҳои хориҷаи ду кишвар идома дорад.
Ёдовар мешавем, 27 октябр Рашид Мередов аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда буд, ки дар барқарорсозии иқтисоди Афғонистон мусоидат кунанд.
Вай ҳамчунин аз омодагии Туркманистон барои мусоидат дар иҷрои тарҳҳои минтақаӣ бо ширкати ин кишвар изҳори назар кард.
26 октябр Муҳаммад Исо Охунд, вазири истихроҷи маъдан ва нафти ҳукумати муваққати Афғонистон Хоҷа Овезов, сафири Туркманистонро ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодиро баррасӣ кард.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон