https://sputnik.tj/20211016/toshkand-tolibon-rohi--tirmiz-peshovar-muvofiqa-1042914947.html
Тошканду "Толибон"* дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар ба мувофиқа расиданд
Тошканду "Толибон"* дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон ва Афғонистон ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, тиҷоративу иқтисодӣ, боркашонии байналмилалӣ ва транзит ба мувофиқа расиданд
2021-10-16T19:22+0500
2021-10-16T19:22+0500
2021-10-18T12:53+0500
иқтисод
иҷтимоъ
афғонистон
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/96/1030069674_0:97:2001:1222_1920x0_80_0_0_fb89f6ceb745d864960bacd5f887b8da.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Кобул ва Тошканд дар бораи сохтмони роҳи оҳан аз Тирмиз то Пешовар зимни музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ба созиш расиданд, гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов. Ҳамин тариқ ҷонибҳо сохтмони хатти интиқоли барқ ва роҳи оҳанро баррасӣ карданд. Ҳайати Афғонистонро дар Ӯзбекистонро муовини сардори ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдулсалом Ҳанафӣ намояндагӣ мекард.Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, намояндагони вазорату идораҳои мухталифи ду кишвар масоили ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъмини амнияти марзҳо, ҳамкорӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитро баррасӣ карданд.Таваҷҷуҳи махсус ба густариши робитаҳо дар соҳаи маориф ва гуманитарӣ дода шуд.
https://sputnik.tj/20211007/siposi-tolibon-uzbekiston-komilov-kobul-vadaho-1042707187.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/96/1030069674_120:0:1879:1319_1920x0_80_0_0_c4140d03e528bcd8279b4a81cccd2407.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошканд "толибон"* сохтмон роҳ оҳан мувофиқа
тошканд "толибон"* сохтмон роҳ оҳан мувофиқа
Тошканду "Толибон"* дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар ба мувофиқа расиданд
19:22 16.10.2021 (Навсозишуда: 12:53 18.10.2021) Ӯзбекистон ва Афғонистон ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, тиҷоративу иқтисодӣ, боркашонии байналмилалӣ ва транзит ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Кобул ва Тошканд дар бораи сохтмони роҳи оҳан аз Тирмиз то Пешовар зимни музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ба созиш расиданд, гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов.
Ҳамин тариқ ҷонибҳо сохтмони хатти интиқоли барқ ва роҳи оҳанро баррасӣ карданд.
"Ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор, аз ҷумла сохтмони хатти барқии Сурхон - Пули Хумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар диққати махсус дода шуд", - навиштааст Кобулҷонов дар поёни мулоқот дар "Telegram".
Ҳайати Афғонистонро дар Ӯзбекистонро муовини сардори ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдулсалом Ҳанафӣ намояндагӣ мекард.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, намояндагони вазорату идораҳои мухталифи ду кишвар масоили ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъмини амнияти марзҳо, ҳамкорӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши робитаҳо дар соҳаи маориф ва гуманитарӣ дода шуд.